Тамрини таълимии “Бабри барфӣ”

Душанбе, Тоҷикистон, 2-юми июни соли 2023 – Чанде пеш Тоҷикистон, Ҳолланд, Руминия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳамдастӣ бо Идораи Созмони Милали Муттаҳид алайҳи терроризм (UNOCT) ва Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, тамрини таълимии “Бабри барфӣ”-ро баргузор карданд.

Тоҷикистон шарики калидии Иёлоти Муттаҳида дар мубориза бо терроризм мебошад, ки барои ҳифзи манфиатҳои амнияти миллии кишварҳои мо ҳамкории зич доранд. Чорабинии серӯзаи бисёрҷониба, ки аз 30 май то 1 июни соли 2023 давом кард, механизмҳои самарабахши ҳамкории минтақавиро барои тафтиш ва таъқиби ҷиноятҳои радиатсионӣ/ядроӣ (R/N) муайян намуд ва намоиш дод.

Дар суханронии ифтитоҳии худ иҷрокунандаи вазифаи муовини ёвари котиби департаменти давлатӣ Кэтрин Инсли чунин изҳор дошт: “Одамон ва маводҳо дар иқтисоди ҷаҳонӣ ҳарчи бештар мобилӣ мешаванд, ки зарурати ҳамкории зич ва мубодилаи иттилоотро бар зидди таҳдидҳои P/Я беш аз пеш равшантар ва муҳимтар мекунад.”

Ҷилавгирӣ, ошкор ва халалдор кардани терроризми Р/Я барои ҳар як кишвар аҳамияти бузург дорад ва тамринҳо ба мисли “Бабри барфӣ” коршиносони соҳаҳо ва кишварҳои гуногунро барои мубодилаи таҷриба ва иттилоот, барқарор кардани робитаҳо ва мусоидат ба татбиқи чаҳорчӯби қонунгузории миллӣ муттаҳид мекунанд. Ин тамринҳо ба кишварҳо имкон медиҳанд, ки қобилияти худро барои ҷилавгирӣ ва халалдор кардани ниятҳои террористон ва дигар субъектҳои ғайридавлатӣ барои дастрас кардани мавод, таҷриба ва таҷҳизот барои сохтани силоҳи қатли ом, такмил диҳанд. Тамринҳои «Бабри барфӣ» фаҳмиши иштирокчиёнро дар бораи аҳамият ва татбиқи чаҳорчӯби ҳуқуқии байналмиллалӣ алайҳи амалҳои терроризми Р/Я, аз ҷумла Конвенсияи байналмиллалӣ оид ба мубориза бар зидди амалҳои терроризми ядроӣ (ICSANT) беҳтар намуд.