Душанбе, Тоҷикистон, 10-уми августи соли 2022 – Сафири ИМА Ҷон Марк Поммершайм иштирокчиёни тамрини низомии ҲАМКОРИИ МИНТАҚАВӢ 22, ки аз ҷониби Фармондеҳии марказии ИМА ва бо мизбонии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, хайрамақдам гуфт. Тамрини низомии ҲАМКОРИИ МИНТАҚАВӢ 22 аз 10 то 20 августи соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Ҳамкории минтақавӣ як тамрини солонаест, ки ба таҳкими амалиёти бисёрмиллӣ барои таъмини субот, мубориза бо терроризм, рушди ҳамкорӣ ва тавонмандиҳои муштараки кишварҳои Осиёи Марказию Ҷанубӣ, ИМА ва дигар кишварҳои иштирокчӣ нигаронида шудааст.
Дар тамрини шашрӯзаи машқҳои фармондеҳию штабӣ ширкаткунандагон аз Иёлоти Муттаҳида, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон ва Узбакистон иштирок мекунанд. Тоҷикистон ва Амрико ҳамчунин як ҷузъи дуҷонибаи панҷрӯзаи тамриноти саҳроиро дар маркази омӯзишии Фахробод баргузор мекунанд. Ин машқҳо барои ҳамоҳангсозӣ, синхронизатсия ва вокуниш ба рӯйдодҳо дар муҳити ғайритаҳдид, имконият фароҳам меоваранд. Тамринҳо ба самтҳои зерин нигаронида шудаанд:
- таҳкими амният ва суботи минтақавӣ;
- баланд бардоштани иқтидор ва ӯҳдадориҳои миллӣ барои боздоштани силоҳи қатли ом, унсурҳои террористӣ ва маводи мухаддир;
- мусоидат ба рушди қувваҳои мудофиавии минтақавӣ дар амалиёти байналмилалии посдори сулҳ ва табодули иттилоот.
Омӯзише, ки дар доираи барномаи Ҳамкории минтақавӣ 22 баргузор мегардад, ба ҳамкорӣ ва мутобиқати оперативӣ, эҷоди иқтидори функсионалӣ, дастгирии амалиёти субот ва баланд бардоштани вокуниши созмонҳои фаромиллӣ мусоидат мекунад.
Сафир Поммершайм ба ҳозирин муроҷиат карда, қайд намуд: “Ҳамчун бузургтарин тамрини низомии ИМА бо иштироки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, ҲАМКОРИИ МИНТАҚАВИИ 22 имкони беназирро барои таҳкими муносибатҳо бо шарикони мо дар минтақа фароҳам меорад. Тамринҳои мазкур ҳамчун як форум барои ҳалли масъалаҳои мубрами минтақавӣ, аз ҷумла вокунишҳои осоишта ба чолишҳои глобалӣ, табодули иттилоот ва ҳамкориҳои амниятӣ хидмат мекунад.”
Қабл аз пандемияи COVID-19, силсилаи машқҳои Ҳамкории минтақавӣ аз соли 2004, ҳамасола дар яке аз кишварҳои ширкаткунанда, аз ҷумла дар Иёлоти Муттаҳида ҳам, баргузор мешуд.