Тавсеаи хизматрасониҳои раводидӣ дар Тоҷикистон ба марҳилаи муҳим расид

ш. Душанбе, Тоҷикистон, 26 майи соли 2023 — Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ш. Душанбе бо хушнудӣ эълон мекунад, ки пас аз мӯҳлати камтар аз нӯҳ моҳи барасмиятдарории раводиди муҳоҷиратии ИМА як марҳилаи муҳимеро паси сар кард: 1000 раводиди муҳоҷиратӣ дар Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд.

Сафорати ИМА дар ш. Душанбе ба расмият даровардани раводиди муҳоҷиратии ИМА-ро санаи 4 октябри соли 2022 шурӯъ кард. Пеш аз ин раводиди муҳоҷиратии ИМА барои шаҳрвандон ва сокинони Тоҷикистон дар Консулгарии генералии ИМА дар ш. Алматои Қазоқистон ба расмият дароварда мешуд. Сафорати ИМА дар ш. Душанбе имконияти боз кардани дарҳоро барои ҳаёти нав дар Иёлоти Муттаҳида барои аъзоёни оилаи шаҳрвандони ИМА ва сокинони қонунии доимӣ, иштирокчиёни Барномаи раводид барои муҳоҷирони миллатҳои гуногун (Diversity Visa Program) ва дигарон, истиқбол кард.

Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон дар тӯли 31 сол равобити дипломатӣ доранд. Бо мурури инкишофёбии муносибатҳои дуҷониба инчунин хизматрасониҳои консулии ИМА густариш ёфтанд. Ҷоринамоии хизматрасонӣ оид ба расмият даровардани раводиди муҳоҷиратӣ дар Тоҷикистон як қадами муҳиме ба пеш аст, ки минбаъд низ ба муносибатҳои дуҷонибаи мо ва робитаҳои ду халқ таҳким хоҳад бахшид.

Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллери хурдӣ шахсан 1000-умин гирандаи раводиди муҳоҷиратиро табрик гуфта, қайд кард: «Вақте ки ман бори аввал дар Тоҷикистон солҳои 2010-2013 фаъолият мекардам, мо маҷмӯи пурраи хизматрасониҳои консулиро пешниҳод карда наметавонистем. Бо ин тағйирот дар самти барасмиятдарории раводид мо раванди гирифтани раводиди муҳоҷиратиро барои он шаҳрвандони Тоҷикистон содда кардем, ки ба талабот ҷавобгӯянд. Ин рӯйдоди мусбӣ боз як марҳилаи таърихӣ дар муносибатҳои дӯстонаи беш аз сисола байни ду кишварҳои мо мебошад».

Сафорати ИМА дар ш. Душанбе ба пешниҳоди хизматрасониҳо оид ба додани раводиди ғайримуҳоҷиратӣ дар соли 2006 шурӯъ карда, даҳҳо ҳазор аризаҳоро баррасӣ кардааст. Ба шарофати хизматрасонии иловагӣ оид ба расмият даровардани раводиди муҳоҷиратӣ алҳол Сафорати ИМА маҷмӯи пурраи хизматрасониҳои консулиро пешкаш мекунад.