Табрикоти сафир Поммершайм ба муносибати Рӯзи истиқлолияти Амрико

Имрӯз, мардуми Амрико Рӯзи Истиқлолиятро ҷашн мегирад. Бо истифода аз ин фурсат мо ба арзишҳое, ки амрикоиҳо ба он арҷ мегузоранд, монанди демократия, волоияти қонун, озодии баён, дин ва матбуот, таъкид мекунем. Мо бо ҳазорон амрикоӣ, ки дар инқилоби Амрико ҷангидаву ҷон супурданд ва миллионҳо нафаре, ки барои ин озодиҳо дар саросари ҷаҳон мубориза бурдаанд, ифтихор мекунем. 

Дар рӯзи истиқлолият мо дар мавриди аҳамияти ҳимояти ИМА аз демократия ва ҳуқуқи инсон дар саросари ҷаҳон, андеша мекунем. Дар шароите, ки ҷаҳон даргири мубориза бо бемории ҳамагири COVID-19 аст, ин усулҳои бунёдӣ хеле муҳиманд. Мо дар замони ин бӯҳрон шарикони худро дар Тоҷикистон дастгирӣ карда, то кунун Иёлоти Муттаҳида ба Тоҷикистон дар самти мубориза бо COVID-19 ба маблағи беш аз 5 миллион доллар кумак кардааст.

Мо аз тоҷикистониёне, ки бо дарки масъулияти иҷтимоӣ аз фосилагирии иҷтимоӣ, пӯшидани ниқоб ва дигар иқдомот барои итминон аз бехатарии якдигар истифода мекунанд, истиқбол мекунем. Ман мехоҳам барои касоне, ки азизони худро аз даст додаанд ва ё аз ин бемори ранҷ кашидаанд, тасалият бигӯям. Мо ҳамчунин аз кормандони соҳаи тандурустӣ, ки барои наҷоти дигарон ҷони худро ба хатар андохтанд, ифтихор мекунем.

Қаҳрамонон дар симои мухталиф меоянд. Мо аз нафароне, ки беморонро табобат карда, гуруснагонро ғизо дода ва ҷони худро баҳри кӯмак ба дигарон дар замони пандемияи COVID-19 дар хатар гузоштанд, ба унвони қаҳрамон ёд хоҳем кард.

Соли гузашта дар ин айём ман ва ҳамкорони ман дар сафорати Душанбе аз садҳо меҳмонони тоҷик, аз ҷумла Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Муҳриддин ҳамчун меҳмони фахрӣ дар Сафорати мо дар ғарби Душанбе барои ҷашни Рӯзи Истиқлолияти ИМА истиқбол гирифтем. Ман ҳамон сол чанд моҳ пеш ба Душанбе расида будам ва ин як фурсати хушҳолкунанда буд, ки бо дӯстон ва шарикони ҷадиди худ дар пасманзари уфуқҳои зебои куҳистони Душанбе, Рӯзи Истиқлолиятро ҷашн бигирам. Дар миёни меҳмонони тоҷик донишҷӯён (аз ҷумла иштирокчиёни барномаҳои мубодилавии Амрико), рассомон, соҳибкорон ва ходимони давлатӣ, муаллимон ва олимон ҳузур доштанд.

Имсол мо ҷашни Рӯзи Истиқлолияти худро бо қалбҳои реш истиқбол гирифта, дар фикри касоне ҳастем, ки бар асари ин бӯҳрон бо хатароти саломатӣ ва таъмини рӯзгори худ мувоҷеҳ ҳастанд, аммо мо медонем, ки ҳатман рӯзҳои беҳтаре фаро мерасад.

Робитаҳои мо бо Тоҷикистон мустаҳкам аст ва мо бо ҳам бар ин бӯҳрон пирӯз хоҳем шуд. Мо муштоқона мунтазири дидори дӯстон ва ҳамкорони худ дар сафорат ҳастем. Новобаста аз буҳрони феълӣ, фаъолиятҳои мо барои тақвияти шарикии мо идома меёбад. Аз ҷумла дар ҳафтаи ҷорӣ, Вазири умури хориҷа Майк Помпео дар як нишасти маҷозӣ бо вазирони умури хориҷаи Осиёи Марказӣ дар қолаби C5 + 1, роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои минтақаро баррасӣ кард.

Метавонед рӯзи 4 июл аз мӯҳтавои хоса дар сафҳаи мо, аз ҷумла таронаи вижаи гурӯҳи AFCENT, лаззат бубаред. Ба ҳамватанонам Рӯзи истиқлолият муборак бод! Ба дӯстони тоҷикистонӣ саломатӣ мехоҳам!