Шом ба хайр дустони азиз! Хуш омадед ба ҷашни Истиқлоли Иёлоти Муттаҳидаи Амрико! Муҳтарам вазир Сироҷиддин Муҳриддин, меҳмонони гиромӣ, хуш омадед ба 247-умин солгарди истиқлоли Иёлоти Муттаҳидаи Амрико. Барои ман шарафи бузург аст, ки ин рӯзро бо ҳамаи шумо дар шаҳри зебои Душанбе ҷашн мегирам.
Мардуми меҳмоннавози Тоҷикистон ба ман зодгоҳам Калифорнияро ба ёд меорад. Ман ҳамчун сафири Иёлоти Муттаҳида ифтихор мекунам, ки Тоҷикистонро хонаи дуюми худ меномам ва миннатдорам, ки бори дигар меҳмоннавозии халқи тоҷикро эҳсос кардам.
Чоруми июл, рӯзи таваллуди Амрико, хеле рӯзи муҳим аст. Миллионҳо амрикоӣ бо оила ва дӯстон ҷамъ меоянд, то ин идро бо дастурхони ороста, мусиқӣ ва хурсандӣ ҷашн гиранд, чӣ тавре ки мо имрӯз ҷашн мегирем.
Дар тули чандин насл Амрико одамонро аз табақаҳои гуногуни ҷомеа, кишварҳо, динҳо ва миллатҳо муттаҳид кардааст. Иёлоти Муттаҳида аз як орзуи хос оғоз гардид: истиқлол, озодӣ ва баробарии ҳамаи одамон. Ин шиори Амрикост, ки мегуяд: “E pluribus unum аст”, яъне “Аз бисёриҳо- якто”.
Таърихи Амрико ин таърихи пешрафти пойдор аст, ки ҳар як насли нав ақидаҳои анъанавиро зери шубҳа гузошта, дар ҳолати зарурӣ ҳукумати моро низ бо роҳи мухолифат ва нофармонии маъданӣ ба чолиш мекашад, шурӯъ аз “Чойнӯшӣ дар Бостон” дар соли 1773, роҳпаймоии доктор Мартин Лютер Кинги хурдӣ аз Селма ба сӯи Монтгомери дар соли 1965 то Стоунволла дар соли 1969. Аз Элизабет Кэди Стэнтон ва Лукретиа Мотт, нахустин занони пешгом, ки дар соли 1848 дар Сенека-Фоллз, Ню Йорк аввалин анҷумани ҳуқуқи занонро баргузор карда ба ҳаракат барои беҳтар кардани ҳаёти занон дар саросари ҷаҳон оғоз бахшиданд, то ба Айда Тарбелл, рӯзноманигори амрикоӣ, ки дар аввали солҳои 1900 амалҳои ғайриахлоқии тиҷоратиро фош кард ва арзишу аҳамияти озодии расонаҳо барои пешрафти миллатро собит кард.
Амрико кишвари муҳоҷирон аст ва имрӯз мо инчунин аз саҳми муҳоҷирон ва насли онҳо дар рушди кишварамон, аз ҷумла тавсеаи руҳияи соҳибкорӣ низ таҷлил мекунем.
Ба мисли Стив Ҷобс, зодаи як оилаи муҳоҷирони аз ду қитъаи дур, ки моро дар соли 1976 ташвиқ кард, то “ба таври дигар фикр кунем” ва бо таъсиси Apple Inc. дар технологияи компютерӣ ва иртибот инқилоб кард, ё Амадео Пиетро Ҷанинӣ, як баққоли амрикоӣ- итолиёвӣ, ки дар посух ба табъиз алайҳи муҳоҷирони нав аз ҷониби ниҳодҳои молиявӣ, дар соли 1904 тиҷорати хурде боз кард, ки ба Бонки Амрико (Bank of America) табдил ёфт.
Амрикоиҳо таваккал карда, экосистемаи стартапи моро таъсис карда, кишвари мо ва ҷаҳони моро тағир доданд. Гуногунии мо дар ҳақиқат ин неруи мост.
Мо барои озодӣ, баробарӣ ва фароҳам овардани имконият барои ҳама талош мекунем. Ман бо ифтихор аз таҷрибаи Амрико ба шумо нақл мекунам ва аз шумо даъват менамоям, то аз муваффақиятҳо, ки мо аз онҳо ифтихор дорем, инчунин аз шикастҳои худ, ки аз онҳо руҳафтода намешавем, дарс бигиред.
Ман ба ҳамкории танготанг бо шумо барои расидан ба ҳадафи муштараки мо, яъне беҳтар кардани сатҳи ҳаёт ва шароити зисти тамоми мардуми Тоҷикистон, аз Хуҷанд то Хоруғ ва аз Душанбе то Бохтар, умедвор ҳастам.
Воқеан, Иёлоти Муттаҳида ва Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатҳои ҷавони соҳибистиқлол мебошанд, ки орзуҳои бузург доранд. Мо шарики ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ҳастем ва ҷонибдори таҳкими соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли кишвар мебошем. Ҳар ду давлати мо кушиш мекунанд, ки уҳдадориҳои констутсиониро иҷро кунанд. Мо якҷоя кӯшиш мекунем, ки ояндаи беҳтареро барои фарзандони худ ва тамоми наслҳои оянда муҳайё созем.
Дар давоми 31 сол мо якҷоя ба бисёр дастовардҳо ноил гардидем. Иёлоти Муттаҳида, аз пуштибонии фаврии Тоҷикистон, пас аз ҳамлаҳои 11 сентябрро, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард. Дар лаҳзаҳои душвортарин барои мо, Тоҷикистон ба иттифоқчиёни фаронсавии мо иҷоза дод, ки аввалин амалиёти пуштибонии ҳавоиро аз фурудгоҳи Душанбе оғоз кунанд ва ин амалиёти муҳим 12 сол идома ёфт. Тоҷикистон инчунин барои мардуми Афғонистон роҳи кумакҳои башардӯстонаро боз кард, ки ин амали хайр то имрӯз идома дорад. Ташаккур.
Ягонагӣ дар мақсадҳои мо аз ҳарвақта дида муҳимтар аст. Низоми байналмилалие, ки бар қоидаҳо асосёфта ва мо якҷоя бунёд намудем, зери хатари ҷиддӣ қарор дорад. Даҳшатҳое, ки мо умед доштем, дар асри гузашта пушти сар кардем, такрор мешаванд: мисли ҷанги таҷовузкоронаи ғайриқонунии Владимир Путин дар маркази Аврупо.
Дар ҳоле, ки мо ҳақиқатан ба ҳимояи Украинаи соҳибихтиёру озод ва сабук кардани ранҷу азоби мардуми Украина тамаркуз дорем, ҷиноятҳои Русия ба дигарон, аз ҷумла ба тоҷикон ва дигар намояндагони Осиёи Марказӣ низ таъсир мерасонад.
Дар чунин шароити геополитикӣ, Иёлоти Муттаҳида минбаъд низ шарик ва дӯсти боэътимоди Тоҷикистон мемонад, ҳадафҳои муштараки тулонимуддат, пойдор ва шаффофи худро, ки таҳкими соҳибихтиёрӣ, иқтисод, тандурустӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва маорифи Тоҷикистон мебошанд, пеш мебарад, то ба тамоми мардум имконият ва умеди бештар диҳад. Ман ба шарикони худ дар ин саъю талошҳо миннатдории самимии худро баён мекунам.
Ман инчунин мехостам ба ҳамаи шумо миннатдории худро баён намоям, ки имшаб бо мо, дӯстонатон, мардуми Амрико якҷоя, ин идро ҷашн мегиред.
Ба ифтихори ин дустӣ, мехоҳам бо суханони шоири тоҷик Мирсаид Миршакар баромадамро ба охир расонам:
Дӯстӣ оламест пурэъҷоз,
Дилрабо боғу бӯстони ӯст,
Чун дили тифлакони маъсуме
Тозаву соф осмони ӯст,
Баҳравар шуд ҳар он ки аз нураш
Хуб донам ҷаҳон аз они ӯст.
Зодрӯз муборак Амрико! Ба ифтихори дӯстони мо! Ташаккури зиёд.