Сафорати ИМА 4 адад ҷип ба Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим кард.

Душанбе, Тоҷикистон, 23 феврали соли 2023 – Сафорати ИМА дар Душанбе 17 феврали соли 2023, барои ҳифзи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Гвардияи миллӣ 4 адад ҷип ва қисмҳои эҳтиётӣ таҳвил намуд. Мошинҳо ва қисмҳои эҳтиётӣ, ки 471, 273 доллари ИМА арзиш доранд, қисми охирини бастаи мобилии 2,075,000 доллар мебошанд. Дар бастаи ниҳоӣ дар умум 14 мошин, қисмҳои эҳтиётӣ барои се сол, як устохонаи таъмири мошинҳо ва гузаронидани курсҳои омӯзишии хизматрасонӣ дохил мешавад. Ин мошинҳо ба Гвардияи миллӣ имкон медиҳанд, ки дар шароити релефи ноҳамвори минтақаҳои наздисарҳадӣ амалиёт анҷом диҳанд.

Дар маросими супоридани мошинҳои патрулӣ, Атташеи харбии ИМА дар Тоҷикистон, полковник Бриттани Стюарт ва генерал-майор Ҷонибек Ализода, муовини якуми фармондеҳи Гвардияи миллӣ иштирок намуданд. Полковник Бриттани Стюарт зимни суханронӣ дар маросим қайд кард, ки ин кумаки башардустона танҳо як мисоли дастгириҳоест, ки мо ба Тоҷикистон барои ҳифзи сарҳади давлатӣ мерасонем. Мо аз Тоҷикистон барои ҳамкории зич дар соҳаи амнияти сарҳадӣ миннатдорем ва аз дастовардҳои муштараки худ ифтихор мекунем. Мо дар мубориза бо терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва паҳншавии яроқи ҳастаӣ шарик мемонем. Вақте, ки якҷоя кор мекунем, мо қавитар ҳастем.

Аз соли 1992 то инҷониб, Иёлоти Муттаҳида ба Тоҷикистон дар бахши таъмини амният ба маблағи беш аз 330 миллион доллари ИМА кумак расондааст. Ин кумак аз дарсҳои омӯзишӣ, таҷҳизот ва инфрасохтор иборат аст. Дар чаҳорчӯби ин кумакҳо ИМА қаблан ба артиши Тоҷикистон 400 адад мошин ҷудо карда буд, ки арзиши онҳо 11,9 миллион долларо ташкил медиҳад. Иёлоти Муттаҳида ҳамчунин беш аз 10,000 сарбоз ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро оид ба тактикаи муассир барои вокуниш ба таҳдидҳои террористӣ, мубориза бо қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир ва ташкили иқтидори амалиёти махсус барои мубориза бо таҳдидҳои гуногун омӯзонид. Қаблан ҳукумати ИМА барои сохтмони Маркази таълимии баталиёни сулҳҷуёнаи Вазорати мудофиаи Чумҳурии Тоҷикистонро дар пойгоҳи Шамсӣ дастгирӣ намуда, машқгоҳи саҳроии Магобро барои Қушунҳои зудъамалӣ Вазорати мудофиа ба маблағи 1,5 миллион доллар ИМА бунёд намуд.

Иёлоти Муттаҳида 30 сол боз бо Тоҷикистон шарикӣ дорад ва барои барномаҳои рушду кӯмак ба соҳаи амният, рушди иқтисодӣ, тандурустӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва маориф, Тоҷикистонро дастгирӣ мекунанд, ки ба ин мақсад 1,8 миллиард долларро харҷ намудааст.