Душанбе, Тоҷикистон, 20-уми июни соли 2022 — Ҳар сол санаи 20-уми июн Рӯзи ҷаҳонии паноҳандагон гиромӣ дошта мешавад. Дар ин росто, Сафорати Амрико дар Душанбе ин идро бо ифтихор дар канори давлат ва мардуми Тоҷикистон ҷашн мегирад. Барои таҷлил аз ин рангорангии ҳаётбахш, ки паноҳандагон ба ҷомеа, чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ дар Амрико, меоваранд, Сафорати Иёлоти Муттаҳида чорабинии идонаро дар Маркази Амрикоӣ дар ш. Душанбе баргузор намуд. Дар ин маросим садои мусиқии афғонию тоҷикӣ, таомҳои миллӣ ва осори ҳунарии ду миллати бародар табъи меҳмононро болида гардонид.
Кордори сафорат хонум Бриҷитт Уокер дар ифтитоҳи ин маросим изҳор дошт: «Мо саъйю талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба хотири фароҳам овардани паноҳгоҳи муваққатӣ барои паноҳҷўёни афғон қадрдонӣ мекунем. Ин иқдом аз қобилияти роҳбарикунӣ, меҳмоннавозии маъруф ва омодагии Тоҷикистон ба кӯмак расонидан ба ҳамсоягонаш дарак медиҳад. Мо аз давлати Тоҷикистон барои таъмини амният ва ҳимоя аз ҷамоати афғонон дар ин шароити сахт барои онҳо изҳори сипос мекунем».
Дар Тоҷикистон ҳукумати Амрико ва созмонҳои мустақили кумакрасони амрикоӣ, аз қабили “Spirit of America”, пуштибонӣ аз ҷамоати афғонон ва ҳамсоягони тоҷики онҳоро ҳамчун бахши калидии барномаҳои ИМА эълон намуданд. Кӯмакҳои ИМА дар бахшҳои зерин татбиқ мегардад:
- Барномаҳо барои ҷавонони афғон ва тоҷик дар Ваҳдат: аз моҳи октябри соли 2021 Сафорати ИМА дар доираи Маркази амрикоӣ дар ш. Душанбе барои марказҳои ҷамъиятии шаҳри Ваҳдат барномаҳои ҷавононро роҳандозӣ кардааст, ки дар ин замина ҳазорон донишомўзони тоҷику афғон дар ҳоли ёдгирии забони англисӣ, фановариҳо ва маҳорати суханварӣ ҳастанд. Дар доираи барномаи мазкур, ки аз ҷониби Департаменти давлатии ИМА маблағгузорӣ шуда ва аз ҷониби Шӯрои Амрикоӣ амалӣ мегардад, ҳамчунин васоили ҳамлу нақл барои ҷавонони шаҳри Ваҳдат фароҳам карда мешавад, то дар барномаҳои муназзам, ки дар Маркази Амрикоӣ дар ш. Душанбе баргузор мешаванд, шахсан иштирок кунанд. 11 майи соли 2022 созмони “Spirit of America” эълон кард, ки барои маблағгузории барнома то охири соли 2023 иловатан 100000 доллар ҷудо мекунад.
- Тармими марказҳои ҷамъиятии Ваҳдат ва бо интернет пайваст кардани онҳо: Бо мақсади беҳтар кардани шароит барои барномаҳои таълимӣ дар марказҳои ҷамъиятии Ваҳдат, созмони “Spirit of America” барои харид ва насби мебел, мошинҳои дӯзандагӣ, аудио- видео таҷҳизот ва интернети баландсуръат беш аз 35000 доллар ҷудо кардааст. Дар соли 2020 Сафорати ИМА барои тармими ҳоҷатхонаи донишомўзон дар Қасри ҷавонони Ваҳдат 15255 доллар ҷудо карда буд.
- Барномаҳои дастмузди хурди дастрасӣ ба омўзиши забони англисӣ (Access) барои ҷавонони тоҷик ва афғон: Сафорати ИМА курсҳои забони англисиро барои ҷавонони камбизоат дар Ваҳдат маблағгузорӣ мекунад. Аз соли 2013 инҷониб дар доираи барномаи дастмузди хурди дастрасӣ ба омўзиши забони англисӣ беш аз 120 донишомўзи тоҷику афғон сатҳи дониши забони англисии худро такмил доданд, то барои шуғли ояндаи худ омода бошанд.
- Маблағгузории мактаби «Сомониён» дар ш. Душанбе: Вақте ки ягона мактаб барои паноҳҷўёни афғон дар Тоҷикистон дар моҳи августи соли 2021 маблағгузории ҳукумати Афғонистонро аз даст дод, созмони “Spirit of America” ба маблағи 83 000 доллар кумаки изтирорӣ барои пардохтани иҷораи бинои мактаб барои соли хониши 2021–2022, нақлиёт, интернет, мебел ва таъмиру тармим пешкаш намуд, то ки мактаб баста нашавад. Дар моҳи апрели соли 2021, созмони “Spirit of America” эълон кард, ки барои пардохтани иҷораи мактаб барои соли хониши 2022–2023 маблағ ҷудо мекунад.
- Такмили ихтисоси муаллимони тоҷику афғон дар риштаи забони англисӣ: Бо мақсади беҳтар кардани таълими забони англисӣ Сафорати ИМА аз тариқи шабакаи «Забони англисӣ бидуни марз» (English Without Borders) ва «Мураббиёни таълими забони англисӣ» (English Teaching Mentor Program) курси такмили ихтисосро дар шаҳри Ваҳдат барои зиёда аз 30 нафар омӯзгорон баргузор намуд. Дар давоми соли оянда сафорат муаллимони афғонро низ ба ин барнома дохил мекунад.
Кӯмакҳои дар боло зикргардида гувоҳи онанд, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамчун як миллати муҳоҷирон, ки аз соли 1975 инҷониб беш аз 3,5 миллион паноҳҷўро барои сукунати доимӣ қабул кардааст, ба ўҳдадориҳои худ содиқ мемонад. Соли ҷорӣ Иёлоти Муттаҳида тақрибан 74 000 паноҳҷўи афғонро дар саросари ИМА бо кӯмаки шариконамон – шабакаи хадамотҳо дар умури паноҳҷўён, паноҳ дод. Иёлоти Муттаҳида қабули афғонҳои соҳибихтисосро дар ҳафтаҳо ва моҳҳои оянда идома хоҳад дод. Илова бар ин, президент Байден ваъда дод, ки то 100 000 беҷошударо, ки дар асари ҳамлаи Русия ба Украина фирор карданд, қабул хоҳад кард.
Сафорати ИМА аз садоқати Тоҷикистон барои ҳимоят аз ҷамоатҳои паноҳандагон қадрдонӣ мекунад. Мо бесаброна интизори идомаи ҳамкориҳои худ бо Тоҷикистон ҳастем, зеро талош мекунем, ки Тоҷикистонро ба хонаи умед барои ҳама мардуме, ки дар ин кишвари зебо зиндагӣ мекунанд, табдил диҳем.