Сафорати ИМА лоиҳаи навро оиди Пешгирӣ ва вокуниш ба зӯроварии гендерӣ дар Тоҷикистон амалӣ мекунад

Душанбе, Тоҷикистон, 26 сентябри соли 2022 – Шуъбаи мубориза бар зидди маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии (INL)-и Сафорати ИМА дар Душанбе, дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид оид ба занон, аз оғози лоиҳаи нав оид ба «Пешгирӣ ва вокуниш ба зӯроварии гендерӣ дар Тоҷикистон» хабар медиҳад. Ин лоиҳа дар чаҳорчӯби “Волоияти қонун” дар тайи 24 моҳи оянда, бо харҷи 455 000 доллари амрикоӣ, амалӣ карда мешавад.

Зӯроварии гендерӣ яке аз мушкилотҳои глобалӣ ба ҳисоб меравад.  Барои ҳали ин мушкилот, лоиҳаи мазкур ба ташкилотҳои дахлдор дар ҳифзи ҳуқуқи занон, пешгирӣ ва вокуниш ба хушунат ва таҷовуз, кумак хоҳад расонд. Ҳамчунин ин лоиҳа иқтидори мақомоти дахлдорро, аз ҷумла сохторҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои ҳуқуқи занон ва паноҳгоҳҳоро тақвият хоҳад дод.

Дар доираи ин лоиҳа муассисаҳои иштироккунанда имконият пайдо мекунанд, ки равишҳои байналмилалиро оид ба мубориза бо зӯроварии гендерӣ омӯзанд ва ба қурбониёни ҷабрдида хидматрасонии босифат пешниҳод намоянд. Ин лоиҳа муносибати маҷмӯӣ ба мушкилоти зӯроварӣ нисбат ба занон ва духтарон, аз ҷумла кӯмак ба ҷабрдидагон тавассути қонунгузории кишвар оид ба пешгирии зуроварии гендерӣ ва чораҳои судӣ, барои ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкоронро, таъмин хоҳад кард. Лоихаи мазкур дар ноҳияҳои Шаҳритус, Истаравшан, Варзоб ва ҳамчунин дар шаҳри Душанбе амалӣ мешавад.

Илова бар ин лоиҳа, Сафорати ИМА ҳамчунин созмони ҷамъиятии «Корвони Умед» -ро маблағгузорӣ мекунад, ки ба ҳалли мушкилоти зӯроварӣ дар оила бахшида шудааст, Лоиҳаи мазкур тавассути расонидани хадамоти тавонбахшӣ дар маркази бӯҳронӣ барои занон ва кӯдакони зери хатар, аз ҷумла дастгирии ҳуқуқӣ, тиббӣ ва равонӣ барои осебдидагон дар ноҳияи Рӯдакӣ, фаъолияти худро амалӣ мегардонад.

Созмони Милали Муттаҳид оид ба Занон дар амалӣ намудани барномаи волоияти қонуни шуъбаи INL дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм мегузорад, то ба ҳукумати Тоҷикистон дар эҷоди як системаи ҳамгирошуда, одилона, ҳисоботдиҳанда ва шаффофи дастгирии ҷабрдидагон, ки дар он ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла занон ва духтарон, ҳуқуқи баробари иштирок доранд.