Душанбе, Тоҷикистон, 26 сентябри соли 2022 – Шуъбаи мубориза бар зидди маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии (INL)-и Сафорати ИМА дар Душанбе, дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Амрико оғози лоиҳаи нави “Дастгирии волоияти қонун дар Тоҷикистон”-ро эълон менамояд. Мақсади лоиҳаи мазкур ин дастгирии Иттиҳоди адвокатҳои Тоҷикистон мебошад. Лоиҳаи мазкур 20 моҳ, бо арзиши 200,000 доллари амрикоӣ, амалӣ карда хоҳад шуд.
Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Амрико ба пешбурди ҳадафи Барномаи волоияти қонуни шуъбаи INL-и Сафорати ИМА мусоидат менамояд, то ба ҳукумати Тоҷикистон дар эҷоди як системаи ҳамгирошуда, одил, ҳисоботдиҳанда ва шаффоф, ки дар он ҳамаи шахсони калидӣ ҳуқуқи иштироки баробар доранд, кӯмак расонад. Ҳадафи лоиҳаи мазкур рушди тавонмандии Иттиҳоди адвокатҳо буда, дар ҳамкорӣ бо Агентии давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ” ба беҳтар намудани сифати баҳогузорӣ ва ёрии ҳуқуқӣ дар парвандаҳои ҷиноӣ мусоидат мекунад. Иттиҳоди адвокатҳо барои иҷрои ваколатҳои худ оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон ва пешбурди принсипҳои волоияти қонун дар Тоҷикистон беҳтар муҷаҳҳаз хоҳад шуд. Аҳолии маҳаллӣ ба кӯмаки ҳуқуқӣ дастрасии беҳтар пайдо карда, ҳуқуқҳои худро самараноктар ҳимоя хоҳад кард. Илова бар ин, лоиҳа иқтидори Иттиҳоди адвокатҳоро тавассути рушди системаи таълими давомдори ҳуқуқӣ, раванди аттестатсия ва гузаронидани тренингҳо оид ба баланд бардоштани иқтидори адвокатҳо тақвият мебахшад.