Душанбе, Тоҷикистон, 8 ноябри соли 2022 – Сафорати ИМА дар Душанбе 8 ноябри соли 2022, барои ҳифзи сарҳадҳои Тоҷикистон, ба Гвардияи миллии Тоҷикистон 10 адад ҷип тақдим намуд. Мошинҳо бо қисмҳои эҳтиётӣ, як устохона ва гузаронидани курсҳои омӯзишии хизматрасонӣ, бо арзиши 858 818 доллар, ба Гвардияи миллӣ имкон медиҳанд, ки дар шароити вазнини релефи минтақаҳои сарҳадӣ амалиёт гузаронанд.
Дар маросими супоридани мошинҳо сафири ИМА Ҷон Марк Поммершайм ва генерал-лейтенант Бобоҷон Ҷамолзода, фармондеҳи Гвардияи миллӣ ширкат намуданд. Сафир Поммершайм зимни суханронӣ дар маросим қайд кард, ки «ин кумаки башардустона танҳо як мисоли кумакҳое аст, ки мо ба Тоҷикистон барои ҳифзи сарҳадҳояш мерасонем. Мо аз Тоҷикистон барои ҳамкории зич дар соҳаи амнияти сарҳадӣ миннатдорем ва аз дастовардҳои муштаракамон ифтихор мекунем. Мо дар мубориза бо терроризм, қочоқи ғайриконунии маводи мухаддир ва паҳншавии силоҳи ҳастаӣ шарик боқӣ мемонем. Вақте, ки мо якҷоя кор мекунем, қавитар мешавем.”
Аз соли 1992 то ин ҷониб, Иёлоти Муттаҳида ба Тоҷикистон барои таъмини амният беш аз 330 миллион доллар кумак кардааст. Ин кумак аз дарсҳои омӯзишӣ, таҷҳизот ва инфрасохтор иборат аст. Мо инчунин беш аз 10 000 сарбоз ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро оид ба тактикаи муассир барои вокуниш ба таҳдидҳои террористӣ, мубориза бо қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир ва баланд бардоштани иқтидори амалиёти махсус барои мубориза бо таҳдидҳои гуногун, омӯзонидем. Қаблан ҳукумати ИМА аз тармим ва сохтмони Маркази таълимии баталиёни сулҳҷуёнаи Вазорати мудофиаи Тоҷикистонро дастгирӣ намуда, барои Қушунҳои мобилии Вазорати мудофиа ИМА машқгоҳи саҳроии Магобро ба маблағи 1,5 миллион доллар бунёд намуд.
Иёлоти Муттаҳида 30 сол боз бо Тоҷикистон шарикӣ мекунад ва барои барномаҳои рушду кӯмак ба соҳаи амният, рушди иқтисодӣ, тандурустӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва маориф, Тоҷикистонро дастгирӣ мекунанд, ки ба ин мақсад 1,8 миллиард долларро харҷ намудааст.