Душанбе, Тоҷикистон, 31-уми майи соли 2023 – Санаи 30-уми май, Сафири Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер, бо ҳадафи шиносоӣ бо пешрафти кори Маркази миллии минарӯбии Тоҷикистон (TNMAC) ва шарикони байналмилалии он дар поксозии майдонҳои мина дар ин минтақа, поксозии замин ва баргардонидани заминҳои барқароршуда ба мардуми маҳаллӣ дар ин минтақа, аз дидбонгоҳи марзии Кони Ангишт дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дидан кард. Ӯ дар деҳаи Саринамак таваққуф карда, бо оилаҳои маҳаллӣ, ки бевосита аз корҳои безараргардонии минаҳо баҳра бурдаанд, мулоқот намуд.
Сафирро дар ин сафар шарикони маҳаллӣ ва байналмилалӣ: генерал-майор Муҳаббат Иброҳимзода, директори Маркази миллии минарӯбии Тоҷикистон; Генерал-майор Сайёрабек Бачабекзода, сардори Раёсати муҳандисии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон; намояндагони хадамоти сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон; Андрей Хегедис, корманд оид ба таҳдидҳои амниятӣ, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе; ва Родни Робидо, менеҷери барномаҳои Департаменти давлатии ИМА, ҳамраҳӣ намуданд. Родни Робидо роҳбари барномаи Идораи хориҷкунӣ ва нобудсозии силоҳ аз Департаменти давлатии ИМА мебошад.
Аз соли 2004 инҷониб Иёлоти Муттаҳида барои поксозии минаҳо ва маводи тарканда, нобудсозии муҳимоти изофию кӯҳна ва кумак ба наҷотёфтагон дар Тоҷикистон, ҳудуди 30 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст. Илова ба амалиёти зидди минаҳо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико фаъолиятҳои марбут ба беҳсозии муҳити зист, таҷдиди инфрасохтори обёрӣ ва барқарорсозии роҳҳоро дар минтақаҳое, ки аз минаҳои нотаркида зарар дидаанд, дастгирӣ мекунад. Ин талошҳо мустақиман ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз миназорҳо зарар дидаанд, тавассути дастгирии рушди кишоварзӣ ва ҳавасмандгардонии рушди иқтисодӣ манфиат меоранд.
Сафир Микаллер шахсан аз майдонҳои собиқи минашуда ва барқароршуда дидан намуд ва баъдан дар мулоқот бо сокинон чунин гуфт: «Ман дастовардҳои 20-солаи TNMAC-ро қадр мекунам. Ин қаламрав шаҳодати тавоноии ҳамкориҳои байналмилалӣ аст ва мо умедворем, ки Тоҷикистон то соли 2025 ба ҳадафи худ, яъне ба кишвари “бе мина” шудан, ноил хоҳад шуд. Иёлоти Муттаҳида ифтихор дорад, ки ин талошҳо, талошҳое, ки воқеан ҷони мардуми тоҷикро наҷот медиҳанд ва ба онҳо дар эҷоди воситаҳои зиндагӣ кумак мекунанд, дастгирӣ мекунад.”