Душанбе, Тоҷикистон, 23-юми августи соли 2023 – Сафири ИМА дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер аз 9 то 18 август аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)-и Тоҷикистон боздид кард. Ҳангоми сафараш ба ВМКБ сафир аз иншоотҳои тандурустӣ, оби ошомиданӣ, амнияти озуқаворӣ, маориф ва энергияи тоза, ки аз ҷониби Ҳукумати ИМА маблағгузорӣ карда мешаванд, дидан намуд. Вай бо раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуд ва дар форуми сармоягузории «Помир инвест» дар ш. Хоруғ ширкат варзид.
Сафир Микаллер ҳангоми сафар ба ВМКБ дар ш. Кӯлоб таваққуф намуда, бо раиси шаҳр Назарзода Бахтиёр Худоёр ва созмонҳои маҳаллӣ мулоқот кард ва талошҳои ҳамоҳангшуда дар самти пешгирӣ ва табобати бемории силро баррасӣ намуд.
Сафир ба ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар карда, дар деҳаи Бопасор аввалин шабакаи оби ошомиданӣ, ки дар шарикӣ бо Фонди Оғохон сохта шудааст, ифтитоҳ кард. Вай аз лоиҳаҳое дидан кард, ки аз ҷониби мардуми Амрико (USAID) барои беҳтар намудани амнияти озуқаворӣ маблағгузорӣ мешаванд, аз ҷумла гармхонаи нав дар масоҳати 1,5 гектар дар деҳаи Вамар, ки вилояти ВМКБ-ро бо сабзавоти тару тоза таъмин хоҳад кард. Инчунин сафир аз тақсимоти ғизои Барномаи ҷаҳонии озуқа дар деҳаи Япшорв дидан кард, ки ба оилаҳои осебпазир манфиат меорад. Вай бо соҳибкорон дар ш. Хоруғ дар бораи фазои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ дар ВМКБ, аз ҷумла бо муассиси ширкати «Mountain Food Products», ки пас аз форуми «Помир инвест» дар соли 2011 бо сармоягузории мустақими ИМА таъсис ёфтааст, мулоқот кард.
Сафир аз як қатор барномаҳои ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ва шариконе, ки ба рушди маориф дар ВМКБ мусоидат мекунанд, аз ҷумла аз Маркази амрикоӣ дар ш. Хоруғ, ки ҳар сол барои беш аз 10 000 нафар барномаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ ташкил мекунад, аз Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (UCA) ва Мактаби таҳсили касбӣ-техникӣ ва такмили ихтисоси Донишгоҳ дидан кард. Сафир дастгирии Иёлоти Муттаҳидаро аз рисолати Донишгоҳи UCA барои таъмини имкониятҳои таҳсилоти баландсифат ба ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон таъкид кард. Вай қайд кард, ки Ҳукумати ИМА сохтмони шаҳраки Донишгоҳро дар ҳаҷми 30 миллион доллари ИМА сармоягузорӣ намуд. Сафир Микаллер иштирокчиёни омӯзиши забони англисиро ба монанди барномаи бурсияҳои хурд «Access», ки аз ҷониби Сафорати ИМА дастгирӣ мешавад, таъриф кард.
Сафир ҳамроҳ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нерӯгоҳи барқи офтобии Мурғобро (НБС), ки бо дастгирии USAID ва ширкати «Помир Энержӣ» сохта шуд, ифтитоҳ намуд. Вай дар сухани худ изҳор дошт, ки ин лоиҳа нишон медиҳад, ки «чӣ гуна ҳукумати миллӣ, созмонҳои байналмилалии донорӣ ва ширкатҳои хусусӣ барои ҳалли баъзе аз мушкилоти калонтарини рушди минтақа талошҳои худро муттаҳид карда метавонанд».
Сафир ҳамкориҳои Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистонро таъкид карда, изҳор дошт, ки «ӯ аз он ифтихор дорад, ки Иёлоти Муттаҳида барои кӯмак ба ин кишвари бузург 2 миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст ва ин сармоягузорӣ барои ҳадафҳои муштараки мо, аз қабили тандурустӣ, маориф, мубодилаи таҷриба, омӯзиши забони англисӣ, рушд ва хочагии қишлоқ аст».
Сафир Микаллер аз дӯстӣ ва меҳмоннавозии мардум дар ҷараёни сафараш хурсанд шуда, қайд кард, ки барои рушди иқтисод, тандурустӣ ва маорифи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ҳукумат, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои мардуми Бадахшон ва тамоми Точикистон ҳадафҳои муштарак дорем.