Душанбе, Тоҷикистон, 10 марти соли 2023 – 9-уми марти соли ҷорӣ маросими супоридани эътимодномаи Сафири Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон, ҷаноби Мануэл Микаллер, ба Президент Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.
Зимни мулоқот, пас аз супоридани эътимоднома, ҷонибҳо оид ба таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳои бе ин ҳам қавии миёни Тоҷикистон ва ИМА табодули афкор намуданд.
Ҷаноб Мануэл Микаллер собиқ Сафири ИМА ҷаноб Ҷон Марк Поммершаймро, ки аз соли 2019 то соли 2022 дар Тоҷикистон адои вазифа намуд, иваз кард.
Сафир Микаллер, корманди аршади Хадамоти хориҷии ИМА бо рутбаи вазир-мушовир ба шумор меравад. Қабл аз таъин шудан ба унвони Сафир дар Тоҷикистон, ӯ ба ҳайси муовини роҳбари намояндагии Сафорати ИМА дар ш. Катмандуи Непал ва ш. Улан-Батори Муғулистон кору фаъолият намудааст.
Ба таъиноти дигари оқои Микаллер Марокаш, Туркманистон ва Русия низ шомиланд. Вай дар Вашингтон дар Маркази амалиёти Департаменти давлатӣ ва Котиботи иҷроия ва инчунин дар Бюрои умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ адои вазифа намудааст.