Изҳороти матбуотӣ
Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен
7 сентябри с. 2023
Ман аз номи Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таманиёти беҳтаринро ба мардуми Тоҷикистон дар мавриде, ки онҳо 32-юм солгарди истиқлоли худро рӯзи 9-ми сентябр қайд мекунанд, орзу дорам.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷонибдории худро барои дастгирии истиқлолияту соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистон бори дигар тасдиқ менамояд. Мо аз идомаи таҳкими шарикиамон тавассути робитаҳои иқтисодӣ, тавсеаи робитаҳои байни мардуми кишварҳои мо, дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва вусъати ҳамкорӣ барои ҳалли масъалаҳои тағирёбии иқлим ифтихор дорем. Ҳангоме, ки Тоҷикистон дар бораи дастовардҳои худ андеша мекунад, мо таъкид дорем, ки барои давом додани ҳамкорӣ ҷиҳати пешрафти равобити иқтисодӣ, таҳкими амнияти минтақавӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон имкониятҳои фаровон вуҷуд доранд. Мо бо умед интизори он ҳастем, ки барои ояндаи ободу осоиштаи мардуми Тоҷикистон бо вуҷуди рушди муносибатхои мустаҳкаму афзояндаи дуҷониба байни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон мусоидат хоҳем кард.
Табрикоти самимии маро барои ҷашни истиқлолиятатон қабул намоед.