Озмуни лоиҳаҳо дар доираи барномаи дастмузди хурди дастрасӣ ба омӯзиши забони англисӣ барои солҳои 2019-2021

Мӯҳлати пешниҳоди лоиҳаҳо: 24-уми июли соли 2019

 

Сафорати ИМА дар шахри Душанбе даъватеро ҷиҳати супоридани лоиҳаҳо барои иштирок дар барномаи пешниҳоди дастмузди хурди дастрасӣ ба омӯзиши забони англисӣ дар солҳои 2019-2021 эълон менамояд. Ҳадафи ин барнома фароҳам овардани имконият, ба ҷавонон   барои омӯзиши забони англисӣ ва такмил додани малакаҳои  роҳбарии худ тавассути таълими асосҳои фарҳанги Амрико ва арзишҳои рушди демократӣ, ҷалб шудан ба фаъолияти шаҳрвандӣ мебошад. Барномаи мазкур мактаббачагони синфи 9-умро аз оилаҳои  камбизоат фаро мегирад. Барнома бояд омӯзиши дусолаи забони англисиро, ки ҳадди ақал 180 соати таълимиро дар давоми соли тақвимӣ таъмин намояд. Ин барнома бояд дарсҳои забони англисӣ, ҳамчунин фаъолиятҳои берун аз синфӣ ва унсурҳои ташаккулдиҳандаро дарбар гирад. Намунаҳои унсурҳои ташаккулдиҳандаи вобаста ба забони англисӣ ва фарҳанги Амрико фаъолиятҳои монанди драма, компютер, рақс, ҳунар, мусиқӣ, бозиҳо, варзиш, сафарҳои маҳаллӣ, лоиҳаҳои махсуси фарҳангӣ ба монанди ҷашн гирифтани “Чоруми июл”,ташкил намудани чорабиниҳо барои такмили  маҳоратҳои роҳбарӣ, ҷалб намудан дар  корҳои гурӯҳӣ, масъулияти иҷтимоӣ ва маҳоратҳои таҳаммулпазириро дар бар мегиранд. Машғулиятҳои пуршиддати тобистонаи Барномаи дастмузди хурди дастрасӣ ба омӯзиши забони англисӣ метавонадфаъолияти муҳими иловагӣ бошад ва/ё  анҷоми барномаи дусолаи омӯзиши забони англисии донишҷӯ бошад. Машғулиятҳои лагери тобистона бояд ҳадди ақал як ҳафта давом кунанд ва дар  он ҷалби шарикони англисзабон ва нафароне, ки забони англисиро хуб медонанд, муҳим мебошад.

 

Дархосткунанда бояд дар айни ҳол ба барномаи таълими забони англисӣ ҷалб шуда бошад. Созмонҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ  дархости худро ба ин барнома пешниҳод намуда метавонанд. Дархостҳо аз минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон барои иштирок дар барномаи мазкур дастгирӣ карда мешаванд.

 

Маълумоти бештарро оиди барнома, метавонед аз Рохнамои барнома (Access Provider Handbook – PDF-2 MB) дастрас намоед.

 

Талаботҳои дигар оиди комилҳуқуқият:

Барои комилҳуқуқ будан ба дарёфти мукофот, созмонҳо бояд тартиботи зеринро риоя намоянд:

  1. Пур кардани саволномањо барои гирифтани рақами DUNS ва рақами NCAGE (саволномаҳои мазкурро дар як замон пур кардан мумкин аст)
  2. Саволномаи DUNS: Созмонњо бояд дорои рақами Системаи Рақамгузории Универсалии Маълумот (DUNS) аз Dun & Bradstreet бошанд. Агар созмони шумо дорои чунин рақам набошад, шумо метавонед онро тариқи занг задан ба 1-866-705-5711 ё ташриф овардан ба сомонаи  http://fedgov.dnb.com/webform дарёфт намоед.
  3. Саволномаи NCAGE: Сахифа бо саволнома дар ин ҷост (аммо ба шумо лозим меояд, ки заррабинро пахш кунед ва баъд ба самти пойин њаракат карда, бақайдгирии навро пахш намоед)  https://eportal.nspa.nato.int/AC135Public/scage/CageList.aspx
  4. Дастур барои пур кардани пурсишномаи NCAGE:  https://eportal.nspa.nato.int/AC135Public/Docs/US%20Instructions%20for%20NSPA%20NCAGE.pdf
  5. Барои дарёфти кўмак аз ИМА ба 1-888-227-2423 занг занед
  6. Барои дарёфти кўмак берун аз ИМА ба 1-269-961-7766 занг занед
  7. Дар сурати ба миён омадани мушкилот дар гирифтани рамзи NCAGE, тариқи почтаи электронии NCAGE@dlis.dla.mil муроҷиат намоед. Пас аз гирифтани рамзи NCAGE, ба сомонаи https://www.sam.gov/ ворид шуда, дар SAM худро ба қайд гиред.
  8. Пас аз дарёфти рақамхои DUNS ва NCAGE раванди бақайдгирии SAM -ро дар сомонаи www.SAM.gov давом диҳед.
  9. Баъди тасдиқ шудани бақайдгирии SAM бақайдгирии созмонро дар Grants.gov идома диҳед  http://www.grants.gov/web/grants/applicants/organization-registration.html. Созмонҳо бояд бақайдгирии SAM-ро (www.SAM.gov) бо маълумоти кунунӣ дар тўли муддате, ки онҳо мукофоти федералии фаъол доранд ва ё дархосташон дар ҳоли баррасӣ аз сўи мақомоти федералии мукофотдиҳанда қарор дорад, фаъол нигоҳ доранд. Бақайдгирии SAM бояд ҳар сол таҷдид шавад. Бо дарназардошти ҳаҷми калони дархостҳо, баррасии онҳо метавонад то 90 рўз тўл кашад ва мо наметавонем қабули дархостҳоро ба тартиби инфироди тасдиқ намоем.
  10. Худро ба ҳайси намояндаи ваколатдори созмон (AOR) ба қайд гиред; ва дар сомонаи www.grants.gov ҳамчун AOR-и созмони худ иҷозат (авторизатсия) пайдо кунед.

 

Лоиҳаҳо (XSLX 376 KB)  бояд бо забони англисӣ, тариқи электронӣ на дертар аз 24 июли соли 2019 ба нишонии зерин ирсол гарданд:

 

Нигина Мирзоева

Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Бахши робитаҳои ҷамъиятӣ

Хиёбони Исмоили Сомонӣ 109 A

Душанбе, Тоҷикистон

Тел: (992 37) 229 2327, 229 2000, факс: (992 37) 229 2050

Почтаи электронӣ: EnglishProgramsDushanbe@state.gov