Душанбе, Тоҷикистон, 21 сентябри соли 2019 – Тули се руз зиёда аз 150 мутахассиси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар нахустин фестивали осиёимарказии “MediaCAMP Fest” дар Душанбе ширкат карданд. MediaCAMP Fest барои рузноманигорони осиёимарказӣ майдончаи касбие гардид, ки онҳо метавонистанд бо ҳам аз таҷрибаҳо ва идеяҳояшон табодули назар намоянд ва масъалаҳои доғу ниёзҳои мубрами расонаҳо дар минтақаро муҳокима кунанд. Чорабинии мазкур аз ҷониби созмони Internews Network бо мусоидати Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) амалӣ гардид.
23 сухангуй аз Осиёи Марказӣ, Русия, Украина ва Аврупои Шарқӣ ба хотири ҷалби аудитория дар нишасту мубоҳиса дар бораи он, ки дар куҷо жураналистика хотима меёбаду фаъолнокии шаҳрвандӣ шуруъ мешавад, ширкат варзиданд ва оиди дурнамои расонаҳо дар оянда андешаронӣ карданд. Дар рафти фестивал намоиши филмҳои ҳуҷҷатии муаллифӣ низ сурат гирифт.
Фестивали MediaCAMP Fest-ро Директори кишварии Internews дар Тоҷикистон Абдумалик Қодиров ва Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикиситон Джон Марк Поммершайм бо суханони ифтитоҳӣ кушода, аҳамияти рушди расонаҳо ва саводнокии расонаиро таъкид намуданд.
Дар рузи охириини фестивал маросими супурдани ҷоизаҳо ба иштирокдорони озмуни осиёимарказии MediaCAMP Award барои рузноманигорон ва болгнависони минтақа баргузор гардид. Ба ин озмун тахминан 400 дархост ворид шуда буд ва аз байни онҳо 36 финалист дар чаҳор ноимантсия:” Ҳокимият ва ҷомеа”,”Наслҳои бидуни марз-фурсати имкониятҳо”, ”Замони мусоидат аст” ва “Қаҳрамонони ҳамҷавори мо” интихоб гардиданд. Дар рафти фестивал доварони байналмилалӣ ғолибонро муайян намуданд ва ҳамунин намоиши аксҳои иштирокчиёни номинатсияи махсуси “Объектив”, ки ғолибони ин бахш тариқи овоздиҳии онлайнӣ интихоб шудаанд, ба маърази тамошо гузошта шуд.
Ҳукумати ИМА тавассути барномаи осиёимарказии MediaCAMP, ки бо мусоидати USAID амалӣ мегардад, барои баланд бардоштани сатҳи дастрасии расонаҳо ба иттилооти муҳим, беғараз ва баркашидашуда оид ба масоили сиёсиву ҷамъиятӣ, талош мекунад.
Барномаи MediaCAMP яке аз лоиҳаҳои сершумори мададрасон мебошад, ки амалисозии он бо кумаки мардуми Амрико тавассути USAID имконпазир гардидааст. Дар давоми 27 соли охир Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маблағи беш аз 1,8 миллиард долларро ба амалисозии барномаҳои дастгирии амният, ниҳодҳои демократӣ, бахши иҷтимоӣ ва рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон равона кардааст.