Мулоқоти Котиби давлатӣ Блинкен бо Вазири умури хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин

Маълумоти зерин аз ҷониби сухангӯй Нед Прайс пешниҳод шудааст:

Котиби давлатии ИМА Энтони Ҷ. Блинкен имрӯз, дар ҳошияи нишасти вазирони кишварҳои С5+1, дар Остонаи Қазоқистон бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот гузаронд. Котиби давлатӣ Блинкен ва вазири умури хориҷӣ Муҳриддин роҳҳои беҳбуди ҳамкориҳои ду кишварро дар заминаи имконоти иқтисодӣ ва ҳамкориҳои амниятӣ, дар шаклҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, баррасӣ намуданд. Котиби давлатӣ бори дигар зарурати ҳамкории зичро дар масоили марбут ба Афғонистон, аз ҷумла ҳимоят аз эҳтиром ба ҳуқуқи занону духтарон дар Афғонистон тасдиқ кард.

Котиби давлатӣ Блинкен ба тааҳҳуди Иёлоти Муттаҳида барои шарики боэътимоди Тоҷикистон будан таъкид намуда, пуштибонии Иёлоти Муттаҳидаро аз соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон тасдиқ кард.