Озодии дин яке аз рукнҳои умдаи Амрико ва принсипи асосии демократияи мо маҳсуб меёбад. Иёлоти Муттаҳида ба ин ақида аст, ки ҳифзи озодии дин аз ҷониби Ҳукумат ба бунёди давлати боз ҳам устувортару босубот мусоидат мекунад. Дар ин мақола мехостам, баъзе фикру андешаҳоямро перомуни ин рукн ифшо кунам, азбаски санаи 16 январро мо ҳамчун Рӯзи озодии дин ҷашн мегирем.
Соли 1786, Томас Ҷефферсон, ҳанўз солҳо қабл аз интихоб шуданаш ба мақоми саввумин Президенти ИМА, барои тасвиби Қонун дар бораи озодии дин дар Вирҷиния ҷаҳду талошҳои зиёд карда буд. Ниҳоят, қонуни мазкур, тимсоли намунавии ҳифзи озодии дин дар Конститутсияи ИМА гардид. Ҳар сол 16-уми январ амрикоиҳо бо ҳамроҳии дӯстонашон Рўзи озодии диниро ҷашн гирифта, перомуни муҳимияти озодии афкор, озодии виҷдон ва озодии эътиқоди динӣ мулоҳиза мекунанд.
Ҳанўз қабл аз Эъломия дар бораи истиқлолияти Амрико, бисёре аз муҳоҷирони аввалин, ки дар 13 колонияи мавҷудбуда маскан гирифтанд, ба Амрико бо мақсади пайдо кардани ҷой барои тоату ибодат тибқи амри виҷдони худ ҳиҷрат карда буданд. Имрӯз, озодии афкор, виҷдон ва эътиқод мавқеи марказиро дар ҳуввият ва арзишҳои амрикоӣ ишғол мекунад.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар якҷоягӣ бо шарикони байналмилалӣ баҳри ҳимояи озодии дин баромад мекунанд, то ки мардум тавонад озодона ба дину мазҳаб ва эътиқоди худ пайравӣ ва ё аз он худдорӣ кунанд, ва дар ин роҳ дучори таъқибу таҳдид нагарданд.
Тоҷикистон кишварест, ки марҳилаи гузаришро аз сар гузаронида истодааст ва тадриҷан аз гузаштаи на чандон дури худ, ки дар ҳайати Иттиҳоди Шўравӣ қарор дошт, канор меравад. Чуноне ки ёд дорем, дар Иттиҳоди Шўравӣ эҳтиром ба озодии виҷдон дар бисёр соҳаҳои муҳими ҳаёт вуҷуд надошт ва атеизми давлатӣ ҳамчун ақидаи расмии давлат талқин мешуд. Шахсоне, ки ба таври дигар эътиқод ва андеша доштанд, ба фишору маҳдудиятҳо дучор мешуданд. Гарчанде ки Тоҷикистон дар роҳи фароҳам овардани озодии бештари динӣ гомҳои назаррас гузошта истодааст, аммо тамоюлоти ахир боиси ташвишу нигарониҳои онҳое гаштааст, ки дар соҳаи озодии дин барои ҳамаи мардум масруфи кору фаъолият ҳастанд.
Баъзе аз ин тамоюлот аз кӯшишҳои Ҳукумат ҷиҳати пешгирии фаъолияти қонунии гурўҳҳои динии осоишта дар Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳанд, ки ба ин тартиб ба шаҳрвандони осоишта пӯшидани либосе, ки инъикосгари эътиқоди мазҳабии шахсии онҳо мебошад, иҷозат дода намешавад, ва инчунин ба шахсони синнашон то 18-сола иштирок кардан дар намозу ибодати ҷамъиятӣ мамнўъ аст. Мо инчунин аз амалҳои экстремистҳои динӣ изҳори ташвиш мекунем, ки дигаронро маҷбур месозанд, то ба эътиқоди динии онҳо мувофиқат кунанд.
Иёлоти Муттаҳида ба он ақида аст, ки ҳифзи озодиҳои динӣ ба бунёди ҷомеаи боз ҳам босуботтар мусоидат менамояд. Аз ин сабаб, мо минбаъд низ бо ҳамаи шариконамон дар Тоҷикистон ва саросари ҷаҳон баҳри таҳкими ҳифзи озодии дину ақоид барои ҳамаи мардум ҳамкориро идома хоҳем дод. Мо умедворем, ки кӯшишҳои мо ва кӯшишҳои онҳое, ки ба ин ибтикор мутааҳид ҳастанд, ба тавсеаи озодӣ барои мардум дар қаламрави Тоҷикистон ва дар тамоми ҷаҳон мусоидат хоҳанд кард.
Эзоҳ дар бораи муаллиф: Кевин Коверт шахси мансабдори хизмати дипломатӣ мебошад. Ӯ ба адои вазифаи муовини Роҳбари намояндагии дипломатӣ дар шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи августи соли 2017 шурӯъ намуд. Қабл аз ин ӯ ба ҳайси муовини мушовир оид ба масъалаҳои иқтисодии Сафорати ИМА дар ш. Сеул ва директори ситоди Шурои амнияти миллӣ оид ба масоили Руссия кор мекард. Инчунин Кевин дар шаҳрҳои Москав ва Астана кору фаъолият намудааст. Пеш аз оғози кор дар Департаменти давлатӣ дар соли 2015 Кевин зиёда аз даҳ сол лоиҳаҳо оид ба кӯмакҳои хориҷии ИМА-ро идора намуд, ки барои дастгирии давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дар гузаштан аз банақшагирии марказӣ ба иқтисодиёти бозорӣ равона шуда буд.
Кевин хатмкунандаи боифтихори Мактаби олии хизмати дипломатии донишгоҳи Ҷорҷтаун мебошад, ки дар он ҷо дорои унвони магистр дар соҳаи муносибатҳои байналхалқӣ гардидааст ва аспирантураи Пажуишгоҳи илмҳои дипломатиро хатм намудааст. Ҳамчунин ӯ дар коллеҷи Пембурки Донишгоҳи Оксфорд ҳамчун тадқиқотчии даъватшуда хизмат намудааст ва дипломи аълои донишгоҳи Корнелро сазовор гардидааст. Кевин ба забонҳои русӣ, украинӣ ва франсузӣ гап мезанад. Ӯ оиладор ва соҳиби ду писари боғайрат аст. Дар вақтҳои холӣ ӯ ҳамчун корманди ихтиёрӣ дар ташкилоти «Бойскаутҳои Амрико» кор мекунад ва ба тамрини дастаҳои ҷавонони бейсбол ва футбол машғул мешавад.