Вилояти Хатлон, Тоҷикистон, 26 январи соли 2018 – Кормандони Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) якҷоя бо муовини директори кишварии Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (WFP) Марико Кавабата бо мақсади шиносоӣ бо рафти татбиқи лоиҳаи чанде пеш оғозгардида оид ба пешгирӣ ва табобати камғизоии шадиди дараҷаи миёна дар Тоҷикистон ба ноҳияи Балхи вилояти Хатлон сафар намуданд. Гуруҳ аз маркази тандурустии деҳотӣ, ки аз тарафи лоиҳа дастгирӣ меёбад, дидан карда, бо мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва бемороне, ки дар ин ҷо табобат мегиранд, сўҳбат намуданд.
Лоиҳаи « Пешгирӣ ва табобати норасогии шадиди ғизоии дараҷаи миёна », ки аз тарафи USAID маблағгузорӣ карда мешавад, ба Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати беҳтаргардонии ғизогирӣ ва тандурустӣ дар ноҳияҳои Балхӣ, Шаҳритус, Кӯлоб ва Дӯстии вилояти Хатлон, ва ноҳияи Айнии вилояти Суғд кӯмак мерасонад.
Дар давоми чор соли оянда Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ нақша дорад, ки бо дастгирии USAID дар зиёда аз 300 муассисаҳои кӯмаки аввалии тиббӣ-санитарии ноҳияҳои мақсаднок, зиёда аз 24000 кӯдаки аз камғизоӣ ҷабрдидаи синни аз 6 то 59 моҳаро бо хӯроквории махсусии серғизо таъмин намояд.
Нишондиҳандаҳои камғизоӣ дар Тоҷикистон, дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ, баландтарин мебошанд: дар саросари ҷумҳурӣ 29,4% кўдакон аз камхунӣ азият мекашанд ва 26% кӯдакон қадпастанд. Дар вилояти Хатлон нишондиҳандаи баландтарини қадпастии кӯдакон ба қайд гирифта шудааст, ки 27%-ро ташкил медиҳад. «Норасоии ғизо барои Тоҷикистон ҳар сол ба ҳаҷми 41 миллион доллари амрикоӣ хисорот ворид месозад. Агар хоҳем, ки кӯдакон солим бошанд ва ба андозаи пурра иқтидори худро амалӣ созанд, ҳаётан муҳим аст, ки онҳо то ба балоғат расидан ба тарзи дуруст ғизо гиранд», – изҳор намуд Марико Кавабата.
Дар давоми 25 соли охир, Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (WFP) ба Тоҷикистон кӯмаки ҳаётан муҳим мерасонад, ки он дар бунёд ва таҳкими низоми миллии ҳифзи иҷтимоӣ баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ ва ғизогирӣ ифода меёбад. Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ инчунин барои таҳкими муқовиматнокии ҷамоатҳои деҳот, ки ба офатҳои табииву иқтисодии такроршаванда осебпазир мебошанд, корро идома медиҳад. (Маълумоти бештар дар сомонаи www.wfp.org/countries/tajikistan оварда шудааст).
Лоиҳаи «Пешгирӣ ва табобати норасогии шадиди ғизоии дараҷаи миёна » яке аз лоиҳаҳои сершумори кумак мебошад, ки аз ҷониби мардуми Амрико тавассути USAID дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегардад. Тайи 26 соли охир Сафорати ИМА дар Душанбе беш аз 1,8 млрд. долл. ИМА-ро барои барномаҳои мухталиф оид ба мусоидат ба таҳкими амният, ниҳодҳои демократӣ, бахши иҷтимоӣ ва рушди иқтисодӣ равона кардааст.