Иёлоти Муттаҳида ифтихор дорад, ки 246-солагии истиқлоли худро ҳамчун як кишвари озод ва демократӣ ҷашн мегирад. Қариб ҳеҷ гоҳ истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ озодона ба даст намеояд, бинобар ин онро бояд муҳофизат ва дифоъ кард. Аз замони эълони истиқлолият дар соли 1776 Иёлоти Муттаҳида дар тӯли 246 сол бо мушкилоти ҷиддӣ – ҷанги хунини шаҳрвандӣ, ҳамлаҳои қудратҳои хориҷӣ, нооромиҳои дохилӣ, терроризм, бӯҳронҳои иқтисодӣ, офатҳои табиӣ ва пандемияҳои ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ шуд. Мо ҳар як бӯҳронро паси сар карда, ҳамчун миллат тавонотар шудем.
Имрӯз амрикоиҳо озодиҳои худ ва истиқлолияти ИМА-ро ҷашн мегиранд, ки аз ҷониби миллионҳо сарбоз, пешвоёни сиёсӣ, ҳомиёни ҳуқуқи башар, афсарони ҳифзи ҳуқуқ, раҳбарони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шаҳрвандони оддии Амрико ҳифз ва дифоъ карда шудааст. Иёлоти Муттаҳида ҷонибдорӣ аз истиқлоли кишварҳои озодро дар тамоми ҷаҳон идома медиҳад. Мо он гоҳ ба зарфияти комили худ ҳамчун фарди алоҳида ва ҷомеа расида метавонем, вақте ки дар интихоби ояндаи худ озод бошем.