Маълумот барои ВАО
Дафтари матбуот
9 марти соли 2023
28 феврал дар Остона (Қазоқистон) мулоқоти Котиби давлатии ИМА ва вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар доираи платформаи дипломатии минтақавии С5+1 баргузор гардид.
Котиби давлатии ИМА Блинкен ҳамдилии Иёлоти Муттаҳидаро бо мардум ва ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ таъкид намуд. Ҳукуматҳо эътироф карданд, ки Осиёи марказии осоишта ва шукуфон аз ӯҳдадории доимӣ ба истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии ҳамаи кишварҳо, бо риояи Оинномаи СММ ва принсипҳои он, тақозо мекунад.
Иштирокчиён аҳамияти ҳамкории C5+1-ро дар таҳияи роҳҳои ҳалли минтақавии мушкилоти глобалӣ таъкид карданд. Онҳо ҷонибдории худро ба густариши ҳамкориҳо тавассути платформаи дипломатии минтақавии С5+1 тасдиқ карданд. Иштирокчиён ба талошҳои ҳамоҳангсозии Котиботи C5+1 баҳои баланд доданд. Тавассути гурӯҳҳои корӣ оид ба иқтисод, энергетика, муҳити зист ва амният, C5+1 дастгирии фаъолиятҳои ҷории минтақавиро идома медиҳад ва имкониятҳои навро барои ҳамкориҳои густаришёфта дарёфт хоҳад кард.
Ҳамкориҳом иқтисодӣ:
Барои дастгирии ҳадафҳои иқтисодӣ иштирокчиёни С5+1:
- Таъкид намуданд, ки амнияти иқтисодии Осиёи Марказӣ ҳамчун авлавияти стратегӣ барои С5+1 боқӣ мемонад;
- Қайд намудаднд, ки роҳҳои коҳиш додани оқибатҳои манфии таҳаввулоти ахири байналмилалӣ, бахусус дар соҳаҳои нархҳои энергетика ва озуқаворӣ, идоракунии қарзҳо ва сатҳи шуғл тавре ҳал гарданд, ки ба рушди фарогири иқтисодӣ мусоидат намояд;
- Уҳдадориҳои худро ба кори дастаҷамъӣ ҷиҳати коҳиш додани таъсири номатлуби таҳримҳо ба иқтисоди кишварҳои С5+1 таъкид намуданд;
- Роҳҳои таҳкими робитаҳои иқтисодии минтақавӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла тавсеаи имкониятҳои тиҷоратиро тавассути барномаи USAID Савдо дар Осиёи Марказӣ баррасӣ намуданд;
- Ба баргузории ҷаласаи Шӯрои Созишномаи чаҳорчӯбавии тиҷорат ва сармоягузорӣ (TIFA), ки 17 март дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон баргузор мешавад, изҳори ҳавасмандӣ намуданд;
- Аҳамияти барномаи нави C5+1 оид ба устувории иқтисодӣ дар Осиёи Марказиро, ки аз ҷониби ҳукумати ИМА маблағгузорӣ мешавад, қайд карданд;
- Аҳамияти таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ, нақлиётӣ ва коммуникатсиониро эътироф карданд; ва, имконияти баргузории форуми тиҷоратии C5+1-ро баррасӣ намуданд.
Ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ва муҳити зист
Барои дастгирии ҳадафҳои C5+1 дар соҳаи энергетика ва муҳити зист иштирокчиён:
- Ҳадафҳои умумии C5+1-ро, аз қабили табодули таҷриба оид ба идоракунии ҳамгирошудаи захираҳои об ва амнияти озуқаворӣ, баррасӣ намуданд омодагии худро барои ҳамкорӣ дар соҳаи ҷорӣ намудани технологияҳои каммасрафи об ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи захираҳои об изҳор намуданд;
- Бори дигар зарурати муҳими пешбурди ӯҳдадориҳои дастаҷамъона ва ӯҳдадориҳои кишварҳояшонро оид ба ҳалли бӯҳрони иқлим тасдиқ карданд;
- Иқтидори назарраси густариши ҳамкориҳои минтақавӣ дар як қатор соҳаҳо, аз қабили афзоиши истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва мубориза бо метанро тасдиқ намуданд;
- Ба барномаҳои ҷории энергетикии C5+1, аз ҷумла барномаи USAID «Қувваи Осиёи Марказӣ», ки афзалиятҳои амнияти энергетикии миллӣ ва минтақавии ҳукуматҳои С5, тавассути ислоҳоти миллии либерализатсияи бозор, рушди энергияи тоза ва коҳиши метанро дастгирӣ мекунад, баҳои баланд доданд;
- Кори лоиҳаи минтақавии USAID оид ба об ва муҳити осебпазир (WAVE), ки стратегияҳоро барои рафъи осебпазирии умумии бахшҳои об, энергетика ва озуқавории Осиёи Марказӣ ба тағирёбии иқлим арзёбӣ ва таҳия мекунад, ва инчунин аҳамияти тадбирҳои ҳифзи муҳити зист ва иҷтимоӣ барои баланд бардоштани устуворӣ ба тағирёбии иқлимро эътироф намуданд;
- Аз баргузории Конфронси вазирон оид ба амнияти озуқаворӣ ва тағирёбии иқлим, ки 10 марти соли 2023 дар Ашқобод баргузор мешавад, истиқбол карданд;
- Оқибатҳои манфии хушкшавии баҳри Аралро таъкид намуда, аҳамияти густариши ҳамкориҳоро ҷиҳати барқарорсозии экологии ин минтақа, аз ҷумла тавассути СММ, қайд намуданд;
- Омодагии худро барои дастгирии фаъолонаи лоиҳаҳо оид ба баланд бардоштани устувории иқлими бахшҳои осебпазир ва гузариш ба иқтисоди камкарбон ва «сабз» изҳор намуданд;
- Кӯшишҳои рушди устувори кӯҳҳо; дар ин робита, таъкид шудааст, ки дар қатъномаи 77/172 “Рушди устувори минтақаҳои кӯҳистонии СММ”, ки солҳои 2023-2027-ро ҳамчун “Панҷсолаи амал барои рушди минтақаҳои кӯҳӣ” эълон намудааст, бо ҳадафи баланд бардоштани сатҳи огоҳии байналмилалӣ аз мушкилоти кишварҳои кӯҳистон ва додани такони нав ба кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли мушкилот ва мушкилоти кишварҳои кӯҳистон (дар асоси OP30 A/RES/77/122) баррасӣ намуданд;
- Ба кори муштарак ҷиҳати ноил шудан ба натиҷаҳои Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об, ки Тоҷикистон яке аз мизбонони он мебошад, ва 22-24 марти соли 2023 дар Ню-Йорк баргузор хоҳад гардид, изҳори умедворӣ намуданд.
Ҳамкории амниятӣ
Барои дастгирии ҳадафҳои амниятии C5+1, иштирокчиён:
- Аҳамияти таҳкими ҳамкориҳои дипломатии C5+1 барои дастгирии амнияти Осиёи Марказиро эътироф карданд;
- Роҳҳои таъмини ояндаи амн ва осоиштаи мардуми Осиёи Марказиро дар шароити рушди бӯҳронҳои ҷаҳонӣ баррасӣ намуданд;
- Тааҳҳуди худро ба ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризм бори дигар тасдиқ карданд;
- Барномаҳои C5+1-ро барои дастгирии амнияти сарҳадҳои минтақавӣ, муҳоҷирати бехатар, мубориза бо терроризм ва маводи мухаддирро махсус қайд намуданд;
- Аҳамияти ҳифзи сулҳу амният, инчунин ҳалли баҳсҳо бо роҳи дипломатиро таъкид намуданд;
- Аз ҷониби СММ эълон гардидани соли 2023 – Соли байналмилалии муколама, ҳамчун гарави сулҳ, хуб истиқбол карданд;
- Аз мубоҳисаи дарпешистода дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаи минтақаи сулҳ, эътимод ва ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ, тибқи қатъномаи 76/299 СММ, изҳори умедворӣ намуданд; ва;
- Аз ифтитоҳи Барномаи минтақавии амнияти сарҳадии C5+1, ки 6 феврал дар Алмаатои Қазоқистон оғоз шуд, истиқбол карданд.
Иштирокчиёни C5+1 инчунин аҳамияти қарорҳои минтақавиро эътироф карданд, ки ӯҳдадориҳои онҳоро ба ҳуқуқи инсон тақвият медиҳанд. Онҳо аҳамияти афзоиши талошҳоро барои тавонмандсозии занон аз ҷиҳати иқтисодӣ дар саросари минтақа таъкид карданд. Иштирокчиён эътироф карданд, ки барномаи C5+1 Тавсеҳаи имконияти занон ва духтарон (WAGE) занони пешворо аз ҳукумат ва тиҷорати ҳамаи панҷ кишвари Осиёи Марказиро барои пешбурди амнияти иқтисодии занон дар минтақа муттаҳид кардааст. Онҳо аз барномаи чаҳорчӯбавии тиҷорат ва сармоягузории ИМА ва Осиёи Марказӣ (TIFA), ки муколамаи минтақавии давлат ва бахши хусусӣ, барои дастгирии тавонмандсозии иқтисодии занон дар Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад, истиқбол карданд. Тавре зикр гардид, тавассути ин ва лоиҳаҳои иловагӣ, аз қабили Академияи занони соҳибкор, талошҳои ҳукумати ИМА ба шомил шудани занони соҳибкор ва ҳунарманд дар Осиёи Марказӣ ба иқтисоди расмӣ мусоидат намуда, дастрасиро ба бозорҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ осон мегардонад.