Изҳороти муштараки сарони кишварҳои C5+1

Эъломияи Ню-Йорк: Устувории C5+1 тавассути шарикӣ дар соҳаи амният, иқтисодиёт ва энергетика

Ҳафтаи равон мо – сарони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба муносибати нахустин саммити сарони кишварҳои С5+1, ки дар рафти иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк баргузор гардид, мулоқот кардем ва ӯҳдадор мешавем, ки принсипҳои зерини ҳамкории минбаъдаро риоя намоем.

Устуворӣ тавассути шарикӣ
Шарикии мо, ки бо уҳдадории устувор барои риояи принсипҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ташаккул ёфтааст, дар асоси эҳтироми истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии ҳамаи давлатҳо сурат мегирад. Мо пешрафти назаррасро дар расидан ба ҳадафҳои умумӣ аз замони мулоқоти аввал дар формати С5+1 дар сатҳи вазирҳо, ки соли 2015 баргузор гардид, баланд арзебӣ мекунем. Таъсиси Котиботи C5+1 дар соли 2022 ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, энергетика, муҳити зист ва амният ҳамкориҳои моро боз ҳам амиқтар карданд. Мо ба тақвияти муносиботи шарикӣ дар чорчўбаи C5+1 содиқ мемонем.

Бо садоқат ба саъю кӯшиш ба сулҳу шукуфоӣ, мо барои ҳамкориҳои устувор ҷиҳати ҳалли мушкилоти мураккаби минтақа ва таҳдидҳои бавуҷуд омада ҳамназар ҳастем. Дар ҳамбастагӣ, барои расидан ба ҳадафи C5+1 оид ба ҷустуҷўи роҳҳои ҳалли минтақавии мушкилоти ҷаҳонӣ мо содиқ мемонем. Дар ҳамбастагӣ , мо тааҳҳуди худро оид ба андешидани тадбирҳо дар Осиёи Марказӣ ҷиҳати таҳкими амният, баланд бардоштани устувории иқтисодӣ, дастгирии рушди устувор, мубориза бо тағирёбии иқлим ва мусоидат ба сулҳ тасдиқ менамоем.

Ноил шудан ба дидгоҳи муштарак муносиботи шарикии устувор дар асоси эҳтироми ҳамдигар ва масъулият дар назди халқро талаб мекунад. Иҷрои ин барномаи пуршукуҳ фаслии навбатии ҳамкориҳо байни Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои Осиёи Марказиро рақам мезанад ва бори дигар аҳамияти механизми C5+1-ро барҷаста месозад.

Ҳамкории васеъ дар соҳаи амният
Мо ба тааҳудоти худ ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои амниятӣ, ки барои ҳалли мушкилоти умумии амнияти минтақавӣ ва нигоҳ доштани соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти кишварҳои Осиёи Марказӣ равона шудааст, содиқ мемонем. Бо дарназардошти он, ки вазъи Афғонистон омили муҳими амният ва субот дар Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад, мо ба тақвияти ҳамкориҳо дар масъалаҳои мудофиа, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бо терроризм содиқ мемонем. Мо барои таҳкими ҳамкориҳои амиқтар, ба хусус дар тавсеаи мубодилаи иттилоот, ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти сарҳадӣ ва муҳоҷирати бехатар, мусоидат ба бозгашти шаҳрвандон аз шимолу шарқи Сурия ва табодули таҷрибаи пешқадам дар мубориза бо терроризм ва пешгирии таассубгароии хушунатомез саъю талош меварзем. Ин талошҳои дарозмуддат иртиқои зарфияти бештарро тақозо менамояд ва раҳбарони Осиёи Марказӣ аз тааҳуди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар мавриди истифодаи афзалиятноки абзорҳои кӯмаки амниятӣ ва дигар василаҳо барои нигоҳдорӣ ва таҳкими муносиботи шарикии ИМА Ва Осиёи Марказӣ дар соҳаи амниятро истиқбол мекунанд. Кишварҳои узви «C5+1» манфиати густариши муколамаро дар ин масъалаҳо, аз ҷумла дар сатҳи вазирон, эътироф мекунанд. Ниҳоят, ҳамаи кишварҳои минтақа ва дар маҷмӯъ ҷомеаи байналмилалӣ бояд ба рушди Афғонистон мусоидат намоянд, яъне ба Афғонистони соҳибихтиёр ва худкифоя, озод аз терроризм, риоякунандаи ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон, аз ҷумла занону духтарон, дар сулҳ бо худ ва ҳамсоягони худ ва дорои ҳукумати ҳамашумул бо муаррифии ҳамаи қавмҳо, мазҳабҳо ва равияҳои сиёсӣ. Мо инчунин ҷонибдории худро аз эътирофи Осиёи Марказӣ ҳамчун минтақаи сулҳу субот, эътимод ва ҳамкориҳо, ки ба ноил шудан ба ҳадафҳо ва принсипҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид мусоидат мекунад, тасдиқ менамоем.

Рушди коридори иқтисодӣ ва энергетикӣ дар Формати C5+1
Фароҳам овардани шароите, ки ба суботи дарозмуддати иқтисодӣ мусоидат мекунад,  барои густариши дастрасӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ ва ҷалби сармояҳои устувори байналмилалӣ ба Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба иқтисоди сабз, зарур аст. Ин дар навбати худ замина фароҳам меорад, то дар минтақа рушди фарогири иқтисодӣ тавассути коридори тиҷоратӣ имконпазир гардад. Бо ин мақсад, мо тасмим гирифтем, ки равобиту ҳамкориҳои минтақавиро суръат бахшем ва уҳдадор мешавем, ки барои фароҳам овардани муҳити мусоиди соҳибкорӣ барои густариши тиҷорат ва афзоиши сармоягузории бахши хусусии ИМА дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тавассути роҳандозии муносибатҳои доимии тиҷоратӣ саъй намоем. Мо ният дорем, ки барои тавсеаи масирҳои алтернативии тиҷоратӣ, ба роҳ мондани робитаҳои нав байни ширкатҳои ИМА Ва Осиёи Марказӣ ва бунёди шабакаи минтақавии мутахассисони ҷавон, ки аз омӯзиши забони англисӣ ва такмили ихтисос мегузаранд, чораҳои назаррас андешем. Илова ба платформаи дипломатии C5+1 ва таҳкими робитаҳои иқтисодии байни ИМА ва Осиёи Марказӣ, Департаменти давлатии ИМА ва Маркази байналмилалии соҳибкории хусусӣ (CIPE) (филиали Палатаи савдои ИМА) бо мақсади бунёди бизнес-платформа барои бахши хусусӣ кор хоҳанд кард.

Барои гуногунсозии масирҳои нақлиётӣ, сармоягузории доимӣ ва рушди роҳи тиҷоратии Транскаспий ё ба истилоҳ «Коридори Миёна», инчунин рушди зерсохтори энергетикӣ ва тавсеаи шабакаҳои нақлиётӣ, ки Осиёи Марказиро бо Осиёи Ҷанубӣ мепайвандад, зарур аст. Барои ноил шудан ба ҳадафҳои иқтисодӣ дар доираи C5+1, Шарикӣ барои зерсохтори ҷаҳонӣ ва сармоягузорӣ (PGI) имкониятҳои густариши сармоягузориро ба зерсохтор барои суръат бахшидан ба рушди иқтисодӣ, амнияти энергетикӣ ва пайвастагии «Коридори миёна» арзёбӣ мекунад. Мо тасдиқ мекунем, ки мо омодаем истифода барем аз абзорҳои иқтисодие, ки дастрасанд тавассути Департаменти давлатии ИМА, Корпоратсияи маблағгузории рушд, Бонки содирот ва воридоти ИМА ва Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) барои дастгирии зерсохтор, ки ба афзалиятҳои PGI мувофиқат мекунанд, аз ҷумла муҳимтарин воситаҷҳои нақлиёт, энергияи тоза, занҷирҳои таъминоти канданиҳои фоиданок ва пайвастагии рақамӣ. Мо инчунин муколамаи худро оид ба ҳамкории иқтисодии минтақавӣ идома медиҳем ва амалҳои мушаххасеро, ки кишварҳои C5+1 бояд барои ҳавасмандгардонии рушди фарогир ва устувори иқтисодӣ дар ҷаласаи вазирони С5+1 дар чаҳорчӯбаи USAID оид ба масъалаҳои пайвастагӣ, ки моҳи октябр баргузор мешаванд, муҳокима хоҳем кард.

Мо инчунин ният дорем, ки мунсибатҳои шарикиро бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ барои дастгирии сармоягузорӣ ва фароҳам овардани фазои соҳибкорӣ, ки рушди фарогири иқтисодиро дар кишварҳои C5+1 таъмин менамояд, истифода барем. Ин истифодаи механизмҳои нави инноватсионии маблағгузорӣ дар Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки Осиёии Рушдро барои ҳавасмандгардонии сармоягузорӣ барои ҳалли мушкилоти глобалӣ, аз қабили тағирёбии иқлим, ва дастгирии афзоиши сармоя барои Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар бар мегирад.

Баланд бардоштани амнияти энергетикӣ ва мубориза бо оқибатҳои тағирёбии иқлим
Барои таҳкими амнияти энергетикии Осиёи Марказӣ, мо ба ҳамгироии системаҳои энергетикии минтақавӣ бо мақсади гуногунсозӣ ва тавсеаи масирҳои нави содироти энергия ва таъминоти боэътимоди бозорҳои ҷаҳонӣ содиқ мемонем. Мо инчунин ӯҳдадор мешавем, ки талошҳоро барои афзоиши истеҳсоли энергияи тоза, татбиқи лоиҳаҳо оид ба коҳиш додани партовҳои метан, рушди иқтидорҳои устувори гидроэнергетикӣ ва баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ, ба хусус тавассути сафарбар кардани маблағгузории давлатӣ ва хусусӣ, ки ба гузариш ба энергетика нигаронида шудааст, дучанд кунем. Тариқи барномаҳои C5+1 (масалан, USAID Power Central Asia), Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонанд аз бартариҳои иқтисодии савдои энергияи тоза ва ояндаи иқтисоди тоза истифода баранд. Мо ҷонибдори амиқтар кардани ҳамкориҳо бо мақсади рушди иқтидор барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти афзояндаи ҷаҳонӣ ба энергияи тоза, аз ҷумла тавассути таъмини бехатар, боэътимод ва устувори сӯзишвории ҳастаӣ ба тамоми ҷаҳон мебошем. Таваҷҷӯҳи мо барои таъмини амнияти энергетикӣ дар минтақа ба унсурҳои зерин равона шудааст:  эҷоди занҷирҳои гуногун, устувор ва бехатари таъминоти маъданҳои муҳим; таҳияи технологияҳои нави истихроҷ ва коркарди ашёи хом; баланд бардоштани арзиш тавассути ҳамкории саноатии минтақавӣ барои коҳиш додани вобастагии стратегӣ ва ноил шудан ба ҳадафҳои муносиб дар соҳаи иқтисод, амнияти энергетикӣ ва иқлим. Талабот ба маъданҳои муҳим, ки барои энергияи тоза ва дигар технологияҳо заруранд, дар даҳсолаҳои оянда ба таври назаррас афзоиш хоҳад ёфт. Бо мақсади минбаъд азхуд кардани сарватҳои бузурги маъданҳои Осиёи Марказӣ ва баланд бардоштани бехатарии маъданҳои муҳим, мо Муколама дар формати C5+1 оид ба маъданҳои муҳимро роҳандозӣ хоҳем кард. Он форумеро барои C5+1 барои мубодилаи маълумот дар бораи мушкилот ва имкониятҳои муҳими маъданҳо, таҳкими робитаҳо байни мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ, ҳавасмандгардонии сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ дар мавриди бунёди занҷирҳои муҳими таъминоти маъданҳо фароҳам меорад.

Мо ба баланд бардоштани бехатарии об ва сифати муҳити зист дар Осиёи Марказӣ сармоягузорӣ карда, барои густариши ҳамкориҳои минтақавӣ оид ба масъалаҳои об ва муҳити зист, бо назардошти вобастагиҳо байни амнияти озуқаворӣ, беҳдошт, кишоварзӣ ва бахши энергетика кор карда истодаем. Барномаҳои USAID дар Осиёи Марказӣ нармафзори метеорологӣ, омӯзиш ва стипендияро барои пешгӯии беҳтари ҷараёнҳои дохилшавӣ ва хориҷшавии об, беҳтар кардани сифати маълумот ва мубодилаи иттилоот, рушди кишоварзии ба иқлим мутобиқшаванда ва ҳифзи макони зисти намудҳои нобудшаванда ҳайвоноту наботот, аз ҷумла дар минтақаҳои барфпӯш пешниҳод карданд. Мо ӯҳдадории худро ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ бо мақсади баланд бардоштани самаранокии идоракунии захираҳои об ва ҷорӣ намудани технологияҳои каммасраф дар Осиёи Марказӣ ҷиҳати баланд бардоштани субот, шукуфоии иқтисодӣ ва саломатии экосистемаҳои минтақа тасдиқ менамоем. Дар доираи Барномаи минтақавии USAID оид ба захираҳои об ва муҳити зисти осебпазир, мо нақша дорем, ки барои қонеъ кардани эҳтиёҷот ба об, энергия, ғизо ва ҳифзи муҳити зист ҳамкорӣ кунем ва ҳамзамон барои ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим чораҳои дахлдор барои коҳиш додани паёмадҳои ногувори тағйирёбии иқлим, мутобиқшавӣ ва устуворӣ ба онро андешем. Илова бар ин, мо бори дигар ҷонибдории худро барои ҳифзи пиряхҳо тасдиқ мекунем ва ӯҳдадор мешавем, ки потенсиали мутобиқсозии ҷамоатҳоро афзоиш диҳем.

Шарикӣ тавассути одамон
Муносибатҳои мустаҳками мо байни халқҳои мо ташаккул меёбанд ва мо аҳамияти ворид кардани андозагирии инсонро дар ҳама чорабиниҳо дар доираи формати C5+1 эътироф мекунем. Мо ӯҳдадории худро ба кори муштарак оид ба пешбурди волоияти қонун ва идоракунии демократӣ тасдиқ мекунем. Мо робитаҳои байни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Осиёи Марказиро тавассути дастгирӣ барои баланд бардоштани иқтидори таълимӣ, омўзиши касбӣ, рушди ҷавонон ва имкониятҳои мубодила идома медиҳем. Мо тасмим гирифтем, ки дастгирии муассисаҳои таҳсилоти олии Осиёи Марказиро, ки ба духтарону писарон аз тамоми Осиёи Марказӣ ва Афғонистон таълим медиҳанд, ҳамчун воситаи густариши робитаҳои минтақавӣ ва ҳамдигарфаҳмии байнифарҳангӣ идома диҳем. Гузашта аз ин, мо аз ҳукуматҳои худ даъват менамоем, ки имкониятҳои навро барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангӣ, таълимӣ, илмӣ ва иҷтимоӣ ва рушди робитаҳои наздиктари байни халқхоро муайян намоянд. Мо таъкид менамоем, ки ба ӯҳдадориҳои худ оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳуқуқи занон, кӯдакон ва маъюбон, содиқ мемонем.

Ба сўи фазои нави шарикӣ
Мо фазои нави шарикиро дар доираи C5+1 эътироф мекунем, аҳамияти арзишманди форматро тасдиқ мекунем ва ӯҳдадор мешавем, ки ҳамкорӣ, амнияти минтақавӣ ва рушди устуворро тавассути муколамаи мунтазам ва амалҳои муштарак тақвият диҳем. Ӯҳдадориҳое, ки дар ҷараёни ин ҳамоиши сарони давлатҳо қабул шудаанд, бар дидгоҳи муштарак, яъне бунёди Осиёи Марказии устувортар, амнтар ва шукуфотар, асос ёфтааст. Ҳангоме ки мо барои иҷрои ин ӯҳдадориҳо кор мекунем, мо мекӯшем, ки барои мусоидат ба шукуфоӣ ва амнияти умумӣ роҳи устувори ба эътимод асосёфтаро тарҳрезӣ кунем.

Ин дидгоҳи муштарак моро ҳангоми ворид шудан ба давраи муҳимтарин дар таърихи шарикии C5+1 роҳнамоӣ хоҳад кард. Бо ин мақсад, ҳайатҳои мо вохӯриҳои мунтазам, дуҷониба ва дастаҷамъона баргузор хоҳанд кард ва мо ӯҳдадор мешавем, ки ҳамкориҳои худро дар доираи мулоқотҳои С5+1 дар сатҳи вазирон доир ба мавзӯъҳои мухталиф, аз қабили тиҷорат, энергетика, иқлим ва амният идома диҳем. Мо саъй хоҳем кард, ки муколамаи сатҳи баландро барои ҳалли дастаҷамъонаи масъалаҳои ба миёномада идома диҳем ва кафолат диҳем, ки шарикии мо барои мардуми мо натиҷаҳои амалӣ меорад.

21 сентябри соли 2023

Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жапаров
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммедов
Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷозеф Р. Байден-писар
Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев

Пайванд ба сомонаи Кохи Сафед:  C5+1 Leaders’ Joint Statement