Изҳороти Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен ба муносибати Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон

Изҳороти матбуотӣ
Энтони Блинкен, Котиби давлатӣ
8 сентябри соли 2022

Ман ба намояндагӣ аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мардуми шарифи Тоҷикистонро, ки рӯзи 9 сентябр 31-умин солгарди истиқлоли давлатӣ ва соҳибихтиёрии кишварро ҷашн мегиранд, табрик мегӯям.

Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон як шарики қавии мубтанӣ бар ҳадафҳои муштарак, робитаҳои мухталифи фарҳангӣ ва мардумӣ, уҳдадориҳои мубориза бо таҳдидоти террористӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақа ва саросари ҷаҳон бунёд кардаанд. Мо ба тақвияти ҳамкориҳо дар бахши амният ва пешбурди озодиҳои бунёдӣ умедвор ҳастем, зеро ин асоси ҷомеаи босабот ва шукуфон аст. Ман мутмаин ҳастам, ки робитаҳои минтақаии мо дар чорчуби C5 + 1 танҳо бо мушорикат дар талошҳо барои муқобила бо тағйироти иқлимӣ, расидагӣ ба масъалаҳои ҳуқуқи башар ва шиносоии имкониятҳои тиҷоративу сармоягузорӣ тақвият хоҳад ёфт.

Сарфи назар аз он ки ҳар ду кишвари мо дар соли гузашта ба далели тағироти ҷаҳонӣ бо мушкилот рӯбарӯ шуданд, Иёлоти Муттаҳида ҳамчунон ба суботу шукуфоии Тоҷикистон содиқ аст.