Ифтитоҳи расмии Шабакаи «Забони англисӣ бидуни сарҳадҳо» (EWB) аз ҷониби Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Дурахши маърифат», бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, ки санаи 1 марти соли 2021 ба нақша гирифта шудааст, тариқи фосилавӣ ва иштироки шахсӣ баргузор мегардад. Дар тӯли ду ҳафта аз тарафи EWB чорабиниҳо барои муаллимон ва донишҷӯёни забони англисӣ бо иштироки мутахассисони амрикоӣ ва маҳаллӣ дар соҳаи TESOL (Таълими забони англисӣ ба гуяндагони забонҳои дигар), тавассути шабакаҳои иҷтимоии марказҳои Амрикоӣ дар Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Ғарм, Панҷакент, Исфара ва Хоруғ ташкил карда мешаванд. Лутфан ба маросими расмии ифтитоҳ, ки рӯзи душанбе санаи 1 марти соли 2021, соати 15:00 мустақиман баргузор мегардад, тавассути сомонаи сафорати ИМА дар Тоҷикистон U.S. Embassy in Tajikistan ва шабакаҳои иҷтимоии Марказҳои Амрикоӣ (American Spaces) ҳамроҳ шавед.
«Забони англисӣ бидуни сарҳадҳо» – шабакаест барои дастгирии муаллимон ва донишомӯзони забони англисӣ дар донишгоҳ, мактаб ва муассисаҳои таълимии Тоҷикистон, тавассути ташкил намудани вебинарҳо, ҷаласаҳои омӯзишии онлайн ва иштироки шахсӣ, ярмаркаҳои таълимӣ, робитаи шарикӣ ва таҳияи маводҳои муосири педагогӣ ва методологӣ, таъсис дода шудааст. Лоиҳаи мазкур ниёзи муаллимони забони англисӣ, ки дар сатҳи донишгоҳ ва мактабхои таҳсилоти умумӣ кору фаъолият доранд, муайян намуда, ба онҳо имконияти иштирок ва гирифтани грантҳои хурд барои гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ дар ҷомеаҳои худ, фароҳам месозад. Шабакаи «Забони англисӣ бидуни сарҳадҳо» манбаъҳои муфид ва имкониятҳои ҷолибро барои аъзоён тавассути сомонаи «Забони англисӣ бидуни сарҳадҳо» www.ewb.tj пешниҳод мекунад.
Ғайр аз он, аъзоёни шабакаи мазкур метавонанд дар озмуни «Муаллими забони англисӣ дар соли 2021», ки барои ҳамаи омӯзгорони забони англисӣ дар саросари Тоҷикистон дастрас аст ва, инчунин, дар Конфронс ва намоигшоҳи Экспо «Забони англисӣ бидуни сарҳадҳо», ки тирамоҳи соли 2021 баргузор мегардад, ширкат варзанд. Узвият дар шабакаи «Забони англисӣ бидуни сарҳадҳо» (EWB) ба омузгорон имкон медиҳад, ки дониш ва малакаи худро сайқал дода, қисми фаъоли ҷомеаи худ гарданд ва дар рушду такмили таълими забони англисӣ дар Тоҷикистон саҳми мусбат гузоранд.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ дар бораи рӯзномаи маросими ифтитоҳ ва сабти ном, лутфан ба сомонаи www.ewb.tj гузаред ё бо кормандони лоиҳаи «Забони англисӣ бидуни сарҳадҳо» тавассути info@ewb.tj дар тамос бошед.