Ду ҳавопаймои “Боинг”-и амрикоӣ шомили парки ҳавопаймоии “Сомон Эйр” шуд

Душанбе, Тоҷикистон, 7-уми сентябри соли 2022 – Имруз Сафир Поммершайм, ҳамроҳи иҷрокунандаи вазифаи директори генералии ширкати ҳавопаймоии “Somon Air” Валиев Абдулқосим ва директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Дилшод, дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани ду ҳавопаймои «Боинг»-и аз ҷониби ширкати «Somon Air» ба иҷора гирифта шуда, ки дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе баргузор гардид, ширкат намуд.  Дар суханрониаш Сафир аз дастгирии Ҳукумати ИМА барои соҳаи авиатсияи Тоҷикистон таъқид дошт ва ширкати “Somon Air”-ро ба муносибати ба иҷораи лизингӣ гирифтани ду ҳавопаймои “Boeing 737-800” табрик намуд.  Сафир аз ҷумла қайд намуд: “Ман умедворам, ки дар солҳои наздик ширкати “Somon Air” аз ин ва ҳавопаймоҳои иловагии “Boeing”-ро истифода бурда, шабакаи нави масирҳои дурро таъсис хоҳад дод, аз ҷумла, шояд парвозҳои мустақимро ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ оғоз намояд”.

Интиқоли ин ҳавопаймоҳо натиҷаи ҳамкории ширкатҳои “Boeing”, “Somon Air” ва ширкати амрикоии “Aviation Capital Group” мебошад.  Ин марҳилаи нав ва рушди назарраси ҳамкории дарозмуддат байни Тоҷикистон ва ширкати “Boeing” мебошад.  Бо шомил шудани ин ду ҳавопаймоии 737-800 ба флоти “Somon Air”, ки ҳоло аз чор ҳавопаймои “Boeing” иборат аст, ширкати “Somon Air” қисми шумораи афзуншавандаи ширкатҳои ҳавопаймо дар саросари ҷаҳон хоҳад монд, ки ҳавопаймоҳои аз ҳама пуриқтидор, аз ҷиҳати технологӣ пешрафта, бароҳат ва бо сарфи самараноки сӯзишворӣ, истифода мебарад.  Аз соли 2008 ширкати “Boeing” шарики қавии Тоҷикистон мебошад. Иёлоти Муттаҳида интизори таҳкими равобити иқтисодӣ бо мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла бо шарикони гуногуни давлатӣ ва бахши хусусӣ мебошад.