Дастмузди хурди дастрасӣ ба омӯзиши забони англисӣ барои солҳои 2022-2024

МӮҲЛАТИ ПЕШНИҲОДИ ЛОИҲАҲО ТО: 7 АВГУСТИ СОЛИ 2022

Сафорати ИМА дар Душанбе даъватеро ҷиҳати супоридани лоиҳаҳо барои иштирок дар Барномаи пешниҳоди дастмузди хурди дастрасӣ ба омӯзиши забони англисӣ дар солҳои 2022-2024 эълон менамояд.  Ҳадафи ин барнома таъмин кардани ҷавонони бидуни имконият бо имконияти омӯзиши забони англисӣ ва такмили малакаҳои роҳбарии худ тавассути таълими асосҳои фарҳанги Амрико ва арзишҳои рушди демократӣ ва ҷалб шудан ба фаъолияти шаҳрвандӣ мебошад. Барномаи мазкур мактаббачагони синфи 9-умро аз хонаводаҳои камбизоат фаро мегирад. Барномаи пешниҳоди дастмузди хурди дастрасӣ ба омӯзиши забони англисӣ бояд омӯзиши дусолаи забони англисиро, ки ҳадди ақал 180 соати таълимиро дар як соли барнома дар бар мегирад, таъмин намояд. Ин барнома бояд дарсҳои забони англисӣ ва ҳамчунин фаъолиятҳои берун аз синф ва унсурҳои ташаккулдиҳандаро дарбар гирад. Намунаҳои унсурҳои ташаккулдиҳандаи вобаста ба забони англисӣ ва фарҳанги Амрико фаъолиятҳои монанди драма, компютер, рақс, ҳунар, мусиқӣ, бозиҳо, варзиш, сафарҳои маҳаллӣ, лоиҳаҳои махсуси фарҳангӣ ба монанди “Чоруми июл” ва рушди маҳоратҳои роҳбарӣ, эҷоди рӯҳияи кори гурӯҳӣ, масъулияти иҷтимоӣ ва маҳоратҳои таҳаммулро дар бар мегиранд. Машғулиятҳои пуршиддати тобистонаи Барномаи дастмузди хурди дастрасӣ ба омӯзиши забони англисӣ мумкин аст фаъолияти муҳими иловагӣ бошад ва/ё шомили барномаи дусолаи омӯзиши забони англисии донишҷӯ бошад. Ин машғулиятҳои лагери тобистона бояд ҳадди ақал як ҳафта давом кунанд ва ба онҳо ҷалбкунии шарикони англисизабон ва ғайрианглисизабон муҳим мебошад.

Пешниҳоди дархост бояд тақсимоти муфассали хароҷотҳоро барои барномаи дусола дар бар гирад, аз ҷумла маблағи дарсҳои таълимӣ, китобҳо ва маводҳои таълимӣ, роҳкиро барои нақлиёт ва хӯрокаи донишҷӯён, маблағи хароҷоти маъмурии лоиҳа, маблағи фаъолиятҳои унсурҳои ташаккулдиҳанда, машғулиятҳои лагери тобистона ва ғайра. Ба ҳисоби миёна, хароҷот барои як донишҷӯ дар доираи барномаи дусола, тақрибан $ 1,000 мебошад ва ҳар як лоиҳа бояд 25 донишҷӯро дар бар гирад. Лоиҳаҳое, ки ҷалби шумораи зиёди донишҷӯёнро бо хароҷоти камтари маблағ ба роҳ монда мешаванд, ташвиқ карда мешаванд. Ҳангоми оғози барнома донишҷӯёне, ки ба барнома қабул мешаванд, бояд дар синфи нӯҳ таҳсил карда истода бошанд.

Бинобар сабаби паҳншавии пандемияи COVID-19, мутобиқи шароит дар маҳалҳо, шояд аз барномаҳои Access талаб карда мешавад, ки фаъолияти барномаро тариқи онлайн ба роҳ монанд.

Мувофиқи талаботи барнома, ҳар як довталаб дар вақти супоридани дархости худ, бояд бо барномаҳои таълимии омузиши забони англисӣ машғул бошад. Ҳам ташкилотҳои давлатӣ ва ҳам ташкилотҳои ғайри давлатӣ метавонанд ба ин барнома дархости худро пешниҳод намоянд. Ташкилотҳо аз ноҳияҳои дурдасти Тоҷикистон даъват карда мешаванд, ки бо дархости худ оиди пеш бурдани барнома, муроҷиат намоянд.

Маълумоти бештарро дар бораи барнома, аз дастури Access Provider Handbook  гирифтан мумкин аст.

Дархостҳои бо забони англисӣ навишта шуда на дертар аз 7 августи соли 2022 ба суроғаи электронии: EnglishProgramsDushanbe@state.gov бояд пешниҳод карда шаванд.