Дар Душанбе фестивали “Go Viral” баргузор мегардад

Душанбе, Тоҷикистон, 22 майи соли 2023 – Шабакаи “Go Viral” дар Осиёи Марказӣ, Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) ва Сафорати ИМА дар Тоҷикистон алоқамандону коршиносони бахшҳои расона, тиҷорат, фарҳанг ва технологияро ба фестивали дурӯзаи “Go Viral Tajikistan” даъват мекунад, ки рӯзҳои 26-27 май дар хонаи синамои “Зебуниссо” баргузор мегардад.

Фестивали мазкур як чорабинии ҳаяҷонбахш хоҳад буд, ки дорои барномаҳои ҷолиб аст ва сухангӯёни машҳур аз бахшҳои расона, фарҳанг, технология ва тиҷорат ба он даъват шудаанд.

Шумо имкон доред, ки бо мутахассисони дигар соҳаҳо вохӯред ва суҳбат кунед, дар бораи тамоюлҳою пешравиҳои охирини соҳаи мавриди таваҷҷуҳи худ маълумот гиред ва дар муҳокимаҳою семинарҳои ҷолиб иштирок кунед.

Дар ин ҷашнвора гурӯҳи маъруфи мусиқии тоҷикии «Авесто», гурӯҳи амрикоии Pipeline Vocal Project аз барномаи “Мусиқии амрикоӣ дар хориҷа”, як гурӯҳи рок-акустикии афғон ва ҳунармандони дигар низ ҳунарнамоӣ мекунанд.

Сухангӯи асосӣ аз ИМА, хонум Меган Уорд, соҳибкори муқими Детройт хоҳад буд, ки ташкилоти “Фемология” – як фазои кории ба занон нигаронидашударо таъсис додааст, ки ба занон муҳити мусоид ва захираҳоро барои расидан ба ҳадафҳои худ фароҳам меорад.

Оғози фестивал: 26 май соати 14:00.

Барои ҷадвали пурраи ҳаррӯза ба пайванди зер назар кунед. Барои иштирок қаблан худро сабти ном кунед: https://festival.goviral.kz/23tj_tj

Мо интизори дидори шумо ҳастем!