Дархости лоиҳавӣ барои Барномаи «Суръаткунандаи миллии технология»

Бахши робита бо ҷомеаи Сафорати ИМА дар ш. Душанбе бо камоли хушнудӣ эълон менамояд, ки маблағгузорӣ барои таҳия ва татбиқи барномаи миллии таълими технология барои ҷавонон дар нӯҳ Маркази амрикоӣ дар саросари кишвар дастрас аст. Тавассути семинарҳои муқараррӣ ва маҷозӣ, омӯзишҳо ва машқҳои амалӣ дар доираи барнома иштирокчиён имконият пайдо мекунанд, ки донишу малакаҳои заруриро барои рақобатпазир будан дар бозори ҷаҳонӣ аз худ кунанд. Иҷрокунандаи лоиҳа бояд корҳои зерин иҷро кунад: 1. Назорат аз болои таҳияи барномаи таълимӣ ва гузарондани курсҳои техникӣ дар нӯҳ маконе, ки Марказҳои амрикоӣ фаъолият мекунанд; 2. Таъмини мувофиқати барномаи таълимии омӯзиш ба талаботи синну сол ва забон ба шароити маҳаллӣ; ва 3. Мусоидат ба муошират ва дӯстиву рафоқат байни иштирокчиёни барнома аз минтақаҳои гуногун бо мақсади ташкили шабакаи ҳамсолон, ки дар оянда ҳамкорӣ карда метавонанд.

Бахши робита бо ҷомеа аз ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ/ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва муассисаҳои таълим, ки дар Тоҷикистон сабти ном шуданд ва таҷрибаи на камтар аз се сол дар таҳияи барномаҳо ва беҳтараш таҷрибаи таҳияи барномаҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ дорад, даъват менамояд, ки дархости худро ирсол намоянд. Ташкилотҳо метавонанд бо ташкилотҳои дигар зершартнома банданд, аммо танҳо як ташкилоти ғайритиҷоратӣ ё ғайридавлатӣ гирандаи асосии мукофот шуда метавонад.

Маълумоти муфассал оиди эълони зерин, ки ҳадафҳои лоиҳа ва тамоми талаботи маъмурӣ барои пешниҳоди дархости довталабон дар сомонаи grants.gov system ва сомонаи Сафорати ИМА дар ш. Душанбе дастрас аст.

Муҳлати охирини ирсоли дархостҳо 5 августи соли 2022.

Ҳама созмонҳое, ки хоҳиш иштирок кардан доранд, метавонанд ба почтаи электронии dushanbeamericanspaces-dl@state.gov паём фиристанд ва ба онлайн-ҷаласаи иттилоотӣ, ки рӯзи сешанбе, 19 июли соли 2022 баргузор мегардад, даъват шаванд. Ташкилотҳо инчунин метавонанд дар давоми даҳ рӯз пас аз нашри эълони мазкур дар сомонаи Департаменти давлатӣ оид ба имкониятҳои грантӣ саволҳои марбут ба талаботҳоро оид ба таҳияи барнома, ки дар эълони мазкур муқаррар шудаанд, ба забони англисӣ ирсол кунанд. Бахши робита бо ҷомеа ба ҳамаи саволҳои ташкилотҳои манфиатдор тавассути почтаи электронӣ ҷавоб мефиристад.