Гузориш дар бораи мулоқоти президент Байден бо раҳбарони С5+1 дар Маҷмаи Умумии СММ

Президент Ҷозеф Байден имрӯз дар ҳошияи иҷлоси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо сарони Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон дар нахустин нишасти сарони кишварҳои С5+1 мулоқот кард.

Раҳбарони Амрико ва кишварҳои Осиёи марказӣ як қатор масъалаҳо, аз ҷумла амният, тиҷорат ва сармоягузорӣ, равобити минтақавӣ, эҳтиром ба истиқлол ва тамомияти арзии ҳамаи кишварҳо ва раванди ислоҳоти идораи давлатӣ ва таъмини волоияти қонунро баррасӣ карданд.

Президент Байден аз андешаҳои ҳамтоёнаш дар бораи он ки чӣ гуна кишварҳои мо метавонанд барои таҳкими минбаъдаи соҳибихтиёрӣ, субот ва шукуфоии Осиёи Марказӣ, инчунин беҳбуди ҳуқуқи инсон тавассути шарикӣ дар қолабӣ C5+1 ҳамкорӣ кунанд, истиқбол кард.

Президент Байден ба ҳамтоёнаш барои шарикӣ дар вокуниш ба чолишҳои амнияти минтақавӣ изҳори сипос кард ва ваъда дод, ки ҳамкориҳои давомдор дар самти таъмини амнияти сарҳад, мубориза бо терроризм ва ҳифзи ҳуқуқро таъмин мекунанд.

Намояндагони ИМА аҳамияти фароҳам овардани фазои мусоид барои сармоягузории бахши хусусии ИМА тавассути эҷоди як пойгоҳи тиҷорат барои бахши хусусиро, ки формати дипломатии C5+1-ро мукаммал хоҳад кард, баррасӣ карданд.  Дар ин замина таъкид шуд, ки USAID дар моҳи октябр Конфронси вазирони C5+1 оид ба робитаҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказиро даъват мекунад, то иқдомоти мушаххасеро, ки ба рушди фарогир ва устувори иқтисодӣ мусоидат мекунанд, баррасӣ намояд.

Президент Байден эътироф мекунад, ки кишварҳои мо бояд барои доштани занҷираҳои устувор ва бехатари таъминот, ки метавонанд фароянди ояндаи энергетикиро дастгирӣ кунанд, якҷоя кор кунем.  Бо назардошти ин Иёлоти Муттаҳида пешниҳод кард, ки дар доираи C5+1 муколама оид ба коркарди конҳои азими маъданҳои Осиёи Марказӣ ва тақвияти бехатарӣ дар масъалаҳои ҳифзи сарватхои зеризаминии муҳим, оғоз шавад.

Ин талошҳо як қисми дастгирии доимии ИМА барои ҷалби сармоягузорӣ ва рушди масири тиҷоратии Транс-Хазар тавассути шарикии фарогири зерсохтҳо ва сармоягузорӣ мебошад, ки ба ҳамгироии иқтисодӣ ва суботи минтақа мусоидат мекунад. Ниҳоят, президент Байден аз идомаи дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва талошҳои тавонмандсозии иқтисодии занон ҷонибдорӣ кард ва аз C5+1 даъват кард, ки огоҳии худро дар бораи ҳуқуқи маъюбон дар тамоми бахшҳо баланд бардоранд.