Боздиди муовини якуми маъмури Идораи миллии бехатарии ҳастаӣ ба Тоҷикистон дар доираи сафар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ

Душанбе, Тоҷикистон, 21 октябри соли 2022 – Муовини якуми маъмури Маъмурияти миллии амнияти ҳастаӣ (NNSA) аз 6 то 8 октябри соли 2022, дар доираи сафар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ бо мақсади мусоидат ба паҳн накардани силоҳ, инчунин амнияти ҳастаӣ ва радиологӣ аз Тоҷикистон дидан кард ва ахамияти хамкории дарозмуддати хар як кишвари Осиё Марказиро бо NNSA, оид ба пахн накардани яроки ядроӣ, қайд намуд.

Дар ҷараёни сафар ба Тоҷикистон, санаи 6-уми октябри соли 2022, ҷаноби Роуз ҳамроҳи роҳбарияти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, Директори Шуъбаи Байналмилалии мубориза бар зидди маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ (INL) Сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе ва Мушовири барномаи назорати содирот ва амнияти сарҳадӣ дар маросими супурдани гузаргоҳи марзии Фотехобод иштирок намуд ва интиқоли таҷҳизоти нави ташхиси радиатсияро дар ин гузаргоҳ мушоҳида кард. Таҷҳизоте, ки NNSA пешниҳод кардааст, дар мубориза бо қочоқи маводи радиоактивӣ дар як гузаргоҳи муҳими сарҳадии байналмилалӣ кӯмак хоҳад кард. Ҷаноби Роуз аз шарикии Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон ва саҳми муҳиме, ки ин шарикӣ дар таҳкими амнияти ҳастаӣ дорад, изҳори сипос кард. «Мо аз ҳамкориҳои дарозмуддати Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон дар самти пешгирии терроризми ҳастаӣ ва радиологӣ қаноатмандем. Мо шарикии худро барои таъмини амният ва субот дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ идома хоҳем дод,” гуфт ҷаноби Роуз.

Пас аз маросими супурдани таҷҳизот намояндагони Вазорати энергетикаи ИМА (DoE) бо иштироки Дафтари байналмилалии мубориза бар зидди маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқ (INL)-и сафорати ИМА, санаи 7-уми октябри соли 2022 ,ба Қӯшунҳои сарҳадӣ 396 камарбанди тактикӣ ва 72 монокулярҳои гармидиҳӣ супурданд. Ин таҷҳизот, ки арзиши 300000 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, иқтидори амалиётии Қушунҳои сарҳадиро дар мубориза бо қочоқ дар саросари кишвар зиёд мекунад. Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ генерал Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, ёрдамчии муовини маъмурият оид ба амнияти глобалии моддӣ Кристин Бент, роҳбари барномаи DoE Кевин Рошедӣ, роҳбари INL Сита Фаррел дар маросими интиқоли таҷҳизот дар бинои маъмурияти Қушунҳои сарҳадӣ дар Душанбе ширкат карданд.

DоE инчунин аз Маркази омӯзишии амният ва бехатарии кимиёвӣ, биологӣ, радиологӣ ва ҳастаӣ (CBRN) ва лабораторияи марказии таълимӣ дар ш. Душанбе, ки бо дастгирии NNSA таъсис ёфтааст, дидан кард. Ин лоиҳа ӯҳдадории муштараки Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистонро барои таҳкими амнияти маводи радиоактивӣ нишон медиҳад.

Тоҷикистон шарики деринаи NNSA дар самти амнияти радиатсионӣ ва мубориза бо қочоқи ҳастаӣ мебошад. Ҳамкории мо такмили амният, тренингҳо, семинарҳо ва дарсҳои омузиширо дар бар мегирад. NNSA дар саросари ҷаҳон барои пешгирӣ аз таҳияи силоҳи ҳастаӣ аз ҷониби субъектҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ё тавассути ба даст овардани маводи ҳастаӣ ё радиологии барои силоҳ истифодашаванда, таҷҳизот, технология ва таҷриба, кору фаъолият мекунад.