Беҳбудии дастрасӣ ба обу беҳдошт дар водии Бартанг

Рӯшон, Тоҷикистон, 10 уми августи соли 2023 – Агентии Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ва Фонди Тоҷикистонии Оғохон дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони шабакаи оби нӯшокӣ ва ҳоҷатхонаи муассисаи таълимиро дар ду деҳаи водии Бартанги ноҳияи Рӯшон анҷом дода, ба истифода доданд. Ин шабакаи об 72 хонаводаи (397 нафар) деҳаҳои Пасор ва Бопасорро бо оби ошомидании бехатар ва доимӣ таъмин мекунад. Ғайр аз ин,  ҳоҷатхонаи мактаб ба 40 донишомӯз ва кормандони дигари муассисаи таълимии рақами 40 шароити муносиби беҳдоштӣ фароҳам меорад.

Дар деҳаҳои дурдасти кӯҳистони Пасор ва Бопасор набудани дастрасӣ ба оби ошомидани як мушкилии ҷиддӣ буд. Ҳарчанд дар ин деҳаҳо захираи зиёди об мавҷуд мебошад, набуди як зерсохтори муайян сокинонро маҷбур мекард, то дар зимистони сард, ки панҷ моҳро дар бар мегирифт, аз баландии 3,000 метр аз сатҳи баҳр аз фосилаи 500-800 метр об биёранд. Бо дастгирии барномаи муштараки Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ ва Фонди Оғохон “Шукуфоии Тоҷикистон” дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сокинони водии Бартанг барои ҳалли ин масъалаи муҳим кӯшиш ба харҷ доданд.

Барномаи “Шукуфоии Тоҷикистон” то имрӯз дар ноҳияҳои Фархор, Ҳамадонӣ, Носири Хусрав, Панҷ, Носири Хусрав, Қубодиён, Роштқалъа, Шаҳритус ва Рӯшон 14 шабакаи оби нӯшокӣ ва 14 ҳоҷатхонаи муассисаҳои таълимӣ бунёд кардааст. Иншоотҳои мазркур 43, 558 нафарро бо оби тозаи нӯшокӣ ва ба 8,344 нафар шароити беҳдоштии муносиб фароҳам овардаанд.

Барномаи панҷсолаи (2018-2023) “Шукуфоии Тоҷикистон: шарикӣ барои рушди иҷтимоию иқтисодӣ” ҳамкории Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ, Фонди Оғохон ва Ҳукумати Тоҷикистонро густариш медиҳад. Ин барнома дар заминаи беҳбуди сифати зиндагии сокинони 16 ноҳияи вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, воқеъ дар марзи Афғонистон, амалӣ мешавад.

###

USAID бузургтарин ташкилоти байналмилалӣ ва омили пешбарандаи натиҷаҳои рушд мебошад. Барои маълумоти бештар сомонаи USAID Тоҷикистон https://www.usaid.gov/tajikistan ва саҳифаи Facebook https://www.facebook.com/USAIDTajikistan/ мутолиа намоед.

Фонди Оғохон бо ҳадафи сармоягузории дарозмуддат, таъсиси ниҳодҳои доимӣ ва эҷоди ҷомеаи шаҳрвандии фаъол бо мардум, созмонҳои ғайридавлатӣ ва тиҷоратӣ ва роҳбарони маҳаллӣ ҳамкорӣ мекунад. Кори мо бар боло бурдани сифати зиндагии мардум ва коҳиши фақр тамаркуз мекунад. Фонди Оғохон яке аз созмонҳои Ташкилоти Оғохон оид ба Рушд (AKDN)-шабакаи пештоз дар арсаи ҳалли мушкили фақр-мебошад, ки аз ҷониби Волоҳазрат Оғохон таъсис шудааст. Барои маълумоти бештар www.akfusa.org.

Агентии Оғохон оид ба макони зист (AKAH) зарфиятҳои Фокус – Кӯмаки Башардӯстона, Ташаббуси Идоракунии хавфи офатҳои AKDN, ва Хадамоти Банақшагирӣ ва Сохтмони Оғохон муттаҳид намуда, дар заминаи омодагӣ барои офатҳои ногаҳонӣ ва тадриҷӣ фаъолият мекунад. Барои маълумоти бештар: http://www.akdn.org/ouragencies/agakhanagencyhabitat.