Барномаи Online Professional English Network

Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон барои иштирок дар Барномаи Online Professional English Network (OPEN) зимистони соли 2024, дархост қабул менамояд. Барномаи OPEN курсҳои 8 ҳафтаинаи такмили ихтисосро барои  омӯзгорони забони англисӣ, ки аз ҷониби донишгоҳҳои ИМА дар мавзӯъҳои: Ташаккул ва таълими хатти академӣ, Таъсис ва татбиқи курсҳои онлайн, Мусоидат ба ҳавасмандӣ ва ҷалби донишҷӯён (FSME), Методикаи TESOL, Таълими грамматика ба таври коммуникативӣ, Истифодаи технологияи таълимӣ дар таълими фанни забони англисӣ, Такмили ихтисос барои омӯзгорон ва ҳамгироии тафаккури интиқодӣ дар синф, Таълим барои оянда: Таълими забони англисӣ барои қабул кардани тағирёбии иқлим омода гардидаанд, пешниҳод менамояд.

Номзадҳо бояд омӯзгорон, тренерони омӯзгорон ё кормандони вазорат бошанд, ки барои рушди касбии худ содиқанд ва омодаандб ки дониши худро бо ҳамкорон мубодила кунанд.

Номзади соҳибихтисос бояд:

  • Шаҳрванди Точикистон бошад ва дар вақти курсҳо дар ҳудуди кишвар истиқомат кунад.
  • Шахрвандии Иёлоти Муттаҳидаро надошта бошад.
  • Қобилияти анҷом додани кори таълимӣ дар сатҳи донишгоҳии ИМА дошта бошад. (сатхи B2)
  • Ҳадди ақал 8-10 соат дар як ҳафта барои ба анчом расонидани вазифаҳои курсҳои омузиширо дошта бошад.
  • Дастрасии мунтазам (4-5 маротиба дар як ҳафта) ба дастгоҳи боэътимоди интернет дошта бошад.
  • Фаҳмиши истилоҳҳои техникии забони англисиро дошта бошад.
  • Малакаҳои асосии истифодабарии технологияҳои марбут ба эҷоди номи корбар ва паролҳо, истифодаи маълумоти эътимоднома барои ворид шудан ба вебсайтҳои эмин, истифодаи почтаи электронӣ, ҷустуҷӯи маълумот дар интернет ва идоракунии файлҳои электронӣ (ба мисоли, pdf, MS Word, MS Excel), аз ҷумла зеркашӣ ва боркунии файлҳоро дошта бошад.
  • Қобилияти хуб бо забони англисӣ чоп карданро дошта бошад, то дар мубоҳисаҳои онлайнӣ иштирок кунад ва супоришҳои хаттиро сари вақт пешниҳод кунад.

Дархости худро барои иштирок дар омӯзиш то санаи 23 октябри соли 2023 пешниҳод намоед, то дар омӯзишҳое, ки зимистони соли 2024 оғоз меёбанд, баррасӣ карда шавад. Шаҳодатномаҳо ва нишонаҳои рақамӣ аз ҷониби Департаменти давлатии ИМА барои ҳамаи онҳое, ки омӯзишро бомуваффақият ба охир мерасонанд, дода мешаванд.

Барои маълумоти бештар, лутфан бо Нигина Мирзоева – корманди Шӯъбаи робита бо ҷомеаи Сафорати Амрико тамос гиред; Тел: +992 (37) 2292330

Аризаи пуркардаи худро ба EnglishProgramsDushanbe@state.gov равон намоед.

Ариза (Microsoft Word, 168 KB)
Руйхати омӯзишҳо (Microsoft Word, 813 KB)