Барномаи Online Professional English Network (OPEN)

Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон барои иштирок дар Барномаи Online Professional English Network (OPEN) барои тобистони соли 2021, дархост қабул менамояд. Барномаи OPEN курсҳои 8 ҳафтаинаи такмили ихтисосро барои  омӯзгорони забони англисӣ, ки аз ҷониби донишгоҳҳои ИМА дар мавзӯъҳои: англисӣ ҳамчун воситаи омӯзиш (EMI), мусоидат ба ҳавасмандӣ ва ҷалби донишҷӯён (FSME), методикаи TESOL, такмили ихтисос барои омӯзгорон ва ҳамгироии тафаккури интиқодӣ дар синф, омода гардидааст,пешниҳод менамояд.

Дархости худро то 12 апрели соли 2021 пешниҳод намоед, то дар курсҳое, ки санаи 6 июли соли 2021 оғоз меёбад, баррасӣ карда шавад. Шаҳодатномаҳо ва нишонаҳои рақамӣ аз ҷониби Департаменти давлатии ИМА барои ҳамаи омӯзгороне, ки аз курс мегузаранд, дода мешаванд.

Дархости худро ба EnglishProgramsDushanbe@state.gov ирсол намоед.

Aриза  (Microsoft Word, 91 KB)