Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон барои иштирок дар Барномаи Online Professional English Network (OPEN) тобистони соли 2023, дархост қабул менамояд. Барномаи OPEN курсҳои 8 ҳафтаинаи такмили ихтисосро барои омӯзгорони забони англисӣ, ки аз ҷониби донишгоҳҳои ИМА дар мавзӯъҳои: Ташаккул ва таълими хатти академӣ, Таъсис ва татбиқи курсҳои онлайн, Мусоидат ба ҳавасмандӣ ва ҷалби донишҷӯён (FSME), Методикаи TESOL, Таълими грамматика ба таври коммуникативӣ, Истифодаи технологияи таълимӣ дар таълими фанни забони англисӣ, Такмили ихтисос барои омӯзгорон ва ҳамгироии тафаккури интиқодӣ дар синф, омода гардидаанд,пешниҳод менамояд.
Дархости худро барои иштирок дар омӯзиш то санаи 10 майи соли 2023 пешниҳод намоед, то дар омӯзишҳое, ки тобистони соли 2023 оғоз меёбанд, баррасӣ карда шавад. Шаҳодатномаҳо ва нишонаҳои рақамӣ аз ҷониби Департаменти давлатии ИМА барои ҳамаи онҳое, ки омӯзишро бомуваффақият ба охир мерасонанд, дода мешаванд.
Барои маълумоти бештар, лутфан бо Нигина Мирзоева – корманди Шӯъбаи робита бо ҷомеаи Сафорати Амрико тамос гиред; Тел: 2292330
Аризаи пуркардаи худро ба EnglishProgramsDushanbe@state.gov равон намоед.
Application form (Microsoft Word, 97 KB)
Course descriptions (Microsoft Word, 811 KB)