Сафорати ИМА дар Тоҷикистон озмунро барои иштирок дар Барномаи Фулбрайт TEA барои омӯзгорони мактабҳои миёна дар солҳои 2023-2024 эълон менамояд. Барномаи TEA лоиҳаи Бюрои барномаҳои таълимӣ ва фарҳангии Департаменти давлатии ИМА мебошад, ки аз ҷониби Шӯрои байналмилалии тадқиқот ва табодул (IREX) амалӣ карда мешавад.
Барномаи Fulbright Teaching Excellence and Achievement (FTEA) ба муаллимони мактабҳои миёна аз дигар давлатҳо имкониятҳои беназир барои ташаккули таҷриба дар фанҳои тахассусӣ, такмили малакаи омӯзгорӣ ва сайқал додани дониши онҳо дар бораи Иёлоти Муттаҳида, фароҳам меорад. FTEA барномаи шашҳафтаинаи тахассусии бидуни унвон, бидуни кредит мебошад, ки аз семинарҳо оид ба усулҳои нави таълим, омӯзиши ба хонандагон нигаронидашуда, таълим дар асоси мазмуну мундариҷа, банақшагирии дарс ва технологияҳои таълимӣ иборат аст.
Иштирокчиён инчунин дар мактабҳои миёнаи ИМА, таҷрибаомӯзӣ мекунанд, то бо муаллимони амрикоӣ ҳамкорӣ кунанд ва кишвари худро ба донишҷӯёни ИМА муаррифӣ намоянд. Дар тӯли барнома рушди фарҳангӣ, роҳнамоӣ ва дастгирӣ ба иштирокчиён фароҳам оварда мешавад. Иштирокчиён моҳи январ ва ё сентябри соли 2024, дар ду гурӯҳ иборат аз 80 нафар муаллим, ба ИМА сафар хоҳанд кард.
Иштирокчиёни барномаи Fulbright, дар тӯли будубоши худ дар Иёлоти Муттаҳида, дипломатияи мардумиро дар синфхонаҳо ва ҷомеаҳои Иёлоти Муттаҳида дастгирӣ хоҳанд кард.
Мӯҳлати охирони ҳуҷҷатсупорӣ: 5-уми марти соли 2023.
Саволномаи барномаро дар сомонаи зерин тариқи онлайн пур кунед: https://fulbright.irex.org
Бо дастури муфассал (PDF 1 MB) оид ба тарзи дуруст пур кардани дархости онлайнӣ шинос шавед.
Эълони барномаи FTEA (PDF 323 KB)
Варақаи маълумотнома аз ҷойи кор (PDF 315 KB)
Варақаи рухсати аз ҷойи кор (PDF 290 KB)
Барномаи FTEA маблағгузории пурра ва таъминоти зеринро ба иштирокчиён пешниҳод менамояд:
- Пардохт барои гузаштани тести забони англисӣ (iBT TOEFL)
- Дастгирӣ дар гирифтани раводиди J-1,
- Гузаронидани машварати роҳбаладӣ пеш аз сафар дар кишвари истиқомат;
- Пардохти хароҷоти сафар то Иёлоти Муттаҳидаю дар дохили он ва бозгашт ба ватан:
- Ташкили семинари хотимавӣ дар Вашингтон:
- Пардохт барои барномаи таълимӣ;
- Пардохт барои ҷойи зист (одатан бо дигар иштирокчиёни барнома, дар як манзил ҷойгир мешаванд);
- Суғурта аз садамаҳо ва бемориҳо:
- Роҳкиро то мактабе, ки таҷрибаомӯзӣ гузаронида мешавад (дар ҳолати зарурӣ);
- Кӯмакпулии ҳаррӯза барои хӯрок ва хароҷотҳои ғайричашмдошт дар давоми барномаи таълимӣ;
- Маблағ барои бағоҷ дар ҳама парвозҳои дохилӣ ва байналмилалӣ;
- Маблағ барои хариди китобҳо дастурҳо барои такмили ихтисос;
Талабот ба номзадҳо барои иштирок дар барнома:
- Муаллими доимии забони англисии мактаби миёна ё омӯзгори математика, илмҳои табиатшиносӣ, илмҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, муаллимони таълими махсуси ин фанҳо дар муассисаҳои таълимие, ки пеш аз ҳама ба аҳолии маҳаллӣ хизмат мерасонанд;
- Дорандаи дараҷаи бакалавр;
- Шаҳрванд ва сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Ҳадди ақал таҷрибаи пурраи сесолаи омӯзгорӣ дар оғози барнома, бартарӣ ба онҳое, ки на камтар аз панҷ сол собиқаи кории омӯзгорӣ доранд, дода мешавад;
- Донистани забони англисии хаттӣ ва шифоҳӣ, бо холҳои на камтар аз 450 хол дар асоси TOEFL коғазӣ ва 45 хол дар тести iBT (гузаштани имтиҳони TOEFL тариқи Интернет) дошта бошанд;
- Омӯзгорони мактабҳои миёна, аз ҷумла омӯзгорони синфҳои миёна ва болоӣ, ки ба хонандагони синни 12 – 18 сола таълим медиҳанд;
- Пас аз хатми барнома, омодагӣ барои идомаи касби худ дар мактаби миёна бошанд;
- Супоридани ҳаммаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ то санаи охирони қабули дархост.
Маъмурони таълимӣ ба монанди, намояндагон ё масъулони Вазорати маориф ва маъмурони мактабҳое, ки ҳадди аққал панҷоҳ фоизи вақти худро ба таълимдиҳӣ ҷудо намекунанд ва инчунин омӯзгороне, ки пурра дар донишгоҳҳо, марказҳои хусусии забономӯзӣ ва муаллимони мактабҳое, ки ба хориҷиён таълим медиҳанд, ҳуқуқи иштирок дар барнома надоранд. Ҳангоми пешниҳоди дархости шумо, холҳои IELTS / TOEFL талаб карда намешаванд. Ғолибони марҳилаи аввали барнома ба мусоҳиба даъват карда мешаванд. Қарори ниҳоиро Шӯъбаи робитаҳои фарҳангӣ ва маърифатии Департаменти давлатии ИМА дар Вашингтон қабул мекунад.
Шакли ариза бояд кори инфиродии довталабро инъикос намояд. Интиҳол (плагиат), ки забон, ақида, баён ва андешаҳои муаллифи дигарро ҳамчун асари худ, бе иҷозати дахлдор истифода бурда мешавад, қобили қабул нест. Ҳама гуна интиҳол дар варақаи ариза ё иншои довталаб, асос барои аз барнома хориҷ кардан мешавад.
Дар ифтитоҳ ва анҷоми барномаи мазкур, дар пойтахти Амрико шаҳри Вашингтон вохӯриҳо барои иштирокчиёни барнома баргузор мегарданд.
Барои маълумоти бештар, лутфан бо Нигина Мирзоева – корманди Шӯъбаи робита бо ҷомеаи Сафорати Амрико бо рақами телефонии 2292330, ё тариқи почтаи электронии EnglishProgramsDushanbe@state.gov тамос гиред.