Барномаи Фулбрайт барои омӯзгорони забони хориҷӣ дар солҳои 2024-2025

Шӯъбаи равобит бо ҷомеаи Сафорати Амрико озмунро барои иштирок дар Барномаи Фулбрайт (FLTA) барои омӯзгорони забони хориҷӣ дар солҳои 2024-2025 эълон менамояд.

Тавсифи барнома:
Барномаи FLTA аз ҷониби Идораи барномаҳои илмию фарҳангии (ECA) Департаменти давлатии ИМА маблағгузорӣ шуда, муддати 9-моҳ, бидуни тақдими унвони илмӣ, давом меёбад ва довталабон бояд дорои таҷрибаи кории на бештар аз ҳафт сол, дошта бошанд. Ҳадаф аз он таҳкими малакаи таълимдиҳии забонҳои хориҷӣ дар коллеҷҳо ва донишгоҳҳои ИМА мебошад ва дар айни замон, барои омўзгорони имрӯза ва ояндаи забони англисӣ фароҳам овардани шароити мусоид, ҷиҳати такмили таҷрибаю малакаи худ дар риштаи забони англисӣ, васеъ намудани доираи донишу огоҳии худ дар бораи ҷомеа ва фарҳанги ИМА, мебошад. Номзадҳое, ки омӯзгорони соҳаҳои амрикошиносӣ, рӯзноманигорӣ ва ахборот, адабиёти Амрикову Инглистон ҳастанд, инчунин муаллимони забони модарӣ ҳамчун забони хориҷӣ низ дар алоҳидагӣ баррасӣ мешаванд.

Иштирокчиёни Барномаи FLTA ҳамчунин бо ҷамоатҳои мизбони худ тариқи гурӯҳҳо барои сӯҳбат, чорабиниҳои беруназсинфӣ ва лоиҳаҳо оид ба гузаронидани корҳои иттилоотию маърифатӣ, дар сатҳи ҷамоатҳо ҳамкорӣ хоҳанд кард. Баъд аз анҷоми барнома иштирокчиён бояд ба кишварҳои худ баргарданд.

Тартиби пешниҳоди ариза:
Аз ҳар як довталаб талаб карда мешавад, ки дархости онлайнро тариқи системаи идоракунии онлайн https://apply.iie.org/flta2024 на дертар аз 2 июни соли 2023 пешниҳод намояд.

Талабот ба иштирокчиёни барнома:
Иштирокчиёни барнома, тибқи талабот, муаллимони забони англисӣ ва ё донишҷўёне, ки дар оянда мақсади муаллими забони англисӣ шудан доранд, мебошанд. То 1 июни соли 2024, довталабони мазкур бояд ҳадди аққал дорои дараҷаи таҳсилоте бошанд, ки ба дараҷаи бакалаврии ИМА баробар бошад, то ки барои тақдим намудани нусхаҳои расмии ҳуҷҷатҳо пеш аз оғози Барномаи FLTA вақти кофӣ дошта бошанд. Дониши аълои забони англисӣ талаботи ҳатмӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, гирифтани баҳоҳои зерин зарур аст: на камтар аз 550 хол (гузаштани имтиҳони TOEFL ба таври хаттӣ); 213 хол (гузаштани имтиҳони TOEFL тариқи компютер); 79-80 хол (гузаштани имтиҳони TOEFL тариқи Интернет) ва ё 6,0 (баҳои умумӣ аз рўи Системаи байналмилалии имтиҳони забони англисӣ – IELTS). Барномаи FLTA ғолибони марҳилаи мусоҳибаро бо роҳхат барои гирифтани тести забони англисӣ (iBT TOEFL) таъмин менамояд. Ҳангоми пешниҳоди дархости шумо, холҳои TOEFL талаб карда намешаванд. Довталабон агар имтиҳонҳои зеринро ACT, GMAT, GRE, GRE Subject, IELTS, LSAT, MCAT, PTE, SAT, Duolingo, and/or TOEFL супурда бошанд, акнун метавонанд баҳоҳои худро дарҷ намоянд.

Довталабон дар давоми раванди интихобот бояд дар кишвари худ истиқомат кунанд ва пас аз итмоми барномаи 9-моҳаи FLTA бояд зуд ба кишвари худ баргарданд. ECA дархостҳои иштирокчиёни Барномаи FLTA-ро ҷиҳати тамдиди будубоши онҳо дар ИМА дастгирӣ нахоҳад кард. Иштирокчиён бояд талаботро оиди истиқомати дусола дар кишвари худ риоя намоянд. Чунин талабот ба иштирокчиёни барномаи мубодила барои ба даст овардани раводиди J-1 вогузор шудааст. Дар айни ҳол онҳо барои нишон додани саъю кўшишҳои худ дар роҳи таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳангоми бозгашт ба ватани худ, мубодила намудани малакаҳову донише, ки дар давоми барномаи таълимӣ андўхтаанд, ўҳдадор мебошанд. Ҳуҷҷатҳои довталабоне, ки дорои аризаи фаъол барои дарёфти сукунати доимӣ дар Амрико ё дорои лотереяи DV «Грин карта» мебошанд, барои иштирок дар барономаи мазкур баррасӣ карда намешаванд. Довталабии ин гуна шахсон барои иштирок дар барномаи таълимӣ баррасӣ нахоҳад шуд ва раводиди J-1 барои онҳо содир нахоҳад гардид.

Эзоҳ оид ба интиҳол:
Вуҷуд доштани интиҳол (плагиат) дар аризаҳо ба мушкилии ҷиддӣ табдил ёфтааст. Бинобар ин, довталабон бояд огоҳ бошанд, ки чунин аъмол қобили қабул нест.

Бастаи ҳуҷҷатҳо:
Бастаи пурра ҳуҷҷатҳои зеринро дар бар мегирад: ариза – онлайн, нусхаҳои аслии ҳуҷҷатҳои таҳсилотӣ бо тарҷумаи тасдиқшуда ба забони англисӣ, диплом (дар ҳолати хатм намудани донишгоҳ), се тавсиянома ва натиҷаи супоридани имтиҳоноти TOEFL ё IELTS. Лутфан дар хотир доред, ки шиносномаи эътиборнок бо мўҳлати баохиррасии на дертар аз 31 декабри соли 2025 талаб карда мешавад. Ҳеҷ яке аз ҳуҷҷатҳои шомили бастаи ариза набояд тариқи почтаи электронӣ фиристода шавад. Довталабони муваффақ оиди дар озмун комёб гардиданашон дар давоми моҳҳои март – маи соли 2024 хабардор карда мешаванд.

Таъминоти пулӣ дар доираи Барномаи Фулбрайт барои омӯзгорони забони хориҷӣ:
Ба ҳамаи иштирокчиёни Барномаи FLTA идрорпулии ҳармоҳа, суғурта аз садамаҳо ва суғуртаи тиббӣ, инчунин маблағгузорӣ дар ҳамлу нақл таъмин хоҳад гардид. Идрорпулии ҳармоҳа танҳо барои қонеъи эҳтиёҷоти аввалиндараҷа пешниҳод шудааст ва тағйир додани он мавриди муҳокима қарор дода намешавад. Муассисаҳои таълимии мизбони ИМА, бо мақсади мусоидат намудан ба довталаб ҷиҳати анҷоми кори курсии зарурӣ, дар пардохтани ҳаққи таълим тахфиф пешниҳод менамоянд.

Агар шумо дар робита ба барномаи мазкур ва ё раванди пешниҳоди ариза саволҳо дошта бошед, лутфан ба шахси мутасаддӣ Ситора Қосимова ба суроғаи зерин муроҷиат намоед: EnglishProgramsDushanbe@state.gov.