Барномаи Фулбрайт барои муҳақиқон (соли таҳсили 2023 – 2024)

Барномаи Фулбрайт барои муҳақиқон донишмандони шинохтаи Тоҷикистонро ба Иёлоти Муттаҳида барои анҷом додани таҳқиқоти илмӣ дар донишгоҳҳои ИМА ба муддати як сол даъват менамояд.

Талаботҳои барнома:

  • Шахсоне, ки шомили барномаи мазкур шудан мехоҳанд, бояд шаҳрванди Тоҷикистон бошанд, дар мавриди супоридани ҳуҷҷатҳо дар Тоҷикистон истиқомат намоянд.
  • Довталабон бояд соҳиби унвони докторӣ ва ё дигар унвони илмӣ дошта бошанд.

Мавзуъҳое, ки метавонанд мавриди таҳқиқот қарор гиранд:
Хоҷагии қишлоқ, рақс, риёзӣ, таърихи Амрико, адабиёт, маориф, мусиқӣ, мутоилоти Амрико, муҳандисӣ, фалсафа, инсоншиносӣ, омӯзиши муҳити зист, физика/ситорашиносӣ, бостоншиносӣ, ҷуғрофия, равоншиносӣ, санъатшиносӣ, заминшиносӣ, мудирияти умумӣ, таърихи санъат, таърих (ғайри таърихи Амрико), тандурустии ҷамъияти/глобалӣ, улуми биология, улуми иттилоот, омӯзиши дин, мудирияти касбу кор, хабарнигорӣ, корҳои ҷамъиятӣ, забон/адабиёт (ғайри Амрико), ҷамъиятшиносӣ, иртиботот, қонуншиносӣ, омӯзгори забони англисӣ/забоншиносӣ, омӯзиши компютер, улуми китобдорӣ, театр, ҳунари нависандагӣ, забоншиносӣ, барномарезии шаҳрӣ, кимё.

*Ба саҳни шумо мерасонем, ки довталабон дар соҳаи ҳуқуқ бо ҳадди аксар як семестр маҳдуд мешаванд.

Шартҳои озмун:

  • Довталабон бояд мавзуъи дақиқи тадқиқотиро барои донишгоҳи ИМА дошта бошанд (Грантҳо барои тадқиқот танҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон дастрас мебошанд).
  • Довталабон бояд дониши саҳеҳи забони англисӣ дошта бошанд, ки сатҳи он барои дастрас шудан ба талаботҳои барнома ҷавобгӯ бошад.
  • Довталабон бояд қобилияти нишон додани арзиши мавзуъи тадқиқотиро ба муҳақиқи барнома, муассисаи худ, мамлакати худ ва муассисаи Амрикоӣ дошта бошанд.
  • Довталабон бояд қобилияти муаррифӣ намудани Тоҷикистонро дошта бошанд.

Бартариятҳои барнома:

  • Пардохти хароҷоти сафар аз Тоҷикистон ба Амрико ва бозгашт ба Тоҷикистон
  • Таъмини идрорпулӣ дар ИМА
  • Суғуртаи тиббӣ
  • Имконияти рушди фардӣ аз ҷиҳати касбӣ ва маданӣ

 Раванди ҳуҷҷатсупорӣ:

Ҳуҷҷатҳои заруриро дар шакли электронӣ метавонед аз суроғаи зерин дастрас кунед: https://apply.iie.org/fvsp2023

Мӯҳлати охирони ҳуҷҷатсупорӣ то 3 октябри соли 2022.

Довталабон аз тарафи сафорати Амрико интихоб шуда, ба кумитаи мустақил дар ИМА пешниҳод мешаванд. Қарори ниҳоӣ дар мавриди интихоби довталабон аз тарафи Роҳбарияти Стипендияи Виллям Фулбрайт баррасӣ мешавад.

Барои маълумоти иловагӣ довталабон метавонанд бо Шӯъбаи равобит бо ҷомеаи Сафорати Амрико дар Душанбе тавассути суроғаи электронии FulbrightTajikistan@state.gov тамос гиранд.