Сафорати Амрико дар Тоҷикистон озмуни кушодро барои иштирок дар барномаи стипендияи Ҳуберт Ҳ. Ҳамфри барои солҳои 2021-2022 эълон менамояд. Мӯҳлати охирини супоридани ҳуҷҷатҳо: 15 июни соли 2020. Барномаи Ҳуберт Ҳ. Ҳамфри барои мутахассисони ҷавони тоҷик имконияти таҳсили курсҳои даҳ моҳа, рушд додани маҳорати сарварӣ ва такмили ихтисос дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико фароҳам меорад. Довталабон ба барномаи мазкур дар асоси маҳорати сарварӣ ва шомил будан дар хизматрасонӣ ба ҷомеа дар бахши хусусӣ ё ҷамъятӣ интихоб карда мешаванд.
Бахшҳои соҳавии барнома
Рушди устувор:
- Хоҷагии қишлоқ ва рушди деҳот
- Рушди иқтисодӣ/Молия ва Бонкдорӣ
- Захираҳои табии/Сиёсати экологӣ ва иқлим
- Банақшагирии шаҳр ва минтақа
Созмони институтҳои демократӣ:
- Иртиботот/Рӯзноманигорӣ
- Қонун ва ҳуқуқи инсон
- Озодии байналмилалии динӣ
- Таҳлили сиёсати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ
- Сиёсати қочоқи одамон ва пешгирӣ
- Сиёсат ва идоракунии технология
- Идоракунии захираҳои инсонӣ
Маориф:
- Маъмурияти маориф, банақшагирӣ ва қонунгузорӣ
- Маъмурияти таҳсилоти олӣ
- Омӯзонидани забони Анлисӣ ҳамчун забони хориҷӣ
Тандурустии ҷомеа:
- Қонунгузорӣ ва идораи тандурустии ҷомеа
- Таълимот дар бораи ҷиҳатҳои манфии истифодаи маводи мухадир ва роҳҳои пешгирии он
- Қонунгузории ВНМО (ВИЧ / СПИД) ва роҳҳои пешгирии он
- Бемориҳои сирояткунанда ва гузаранда
Талаботҳо барои довталабон:
- Дипломи донишгоҳ
- Хадди ақал 5 соли таҷрибаи корӣ
- Мавҷудияти хусусиятҳои лидерӣ
- Саҳмгузорӣ дар фаъолиятҳои ҷамъиятӣ
- Дониши забони Англисӣ
- Таҷрибаи зиндагӣ дар Иёлоти Муттаҳида надошта бошад, ё чунин таҷриба кӯтоҳмуддат бошад.
Талаботҳо:
- Довталабон бояд шаҳрванди Тоҷикистон бошанд ва ҳангоми супоридани ҳуҷҷатҳо дар Тоҷикистон зиндагӣ кунанд
- Довталабон бояд дорандаи дипломи маълумоти олӣ бошанд
Раванди супоридани ҳуҷҷатҳо:
Саволномаро метавонед аз ин ҷо дастрас намоед: https://apply.iie.org/huberthhumphrey
Барои дарёфти маълумоти бештар нисбати ин барнома, метавонед ба Бахши робита бо ҷомеаи Сафорати Амрико дар Душанбе тавассути суроғаи электронии FulbrightTajikistan@state.gov муроҷиат намоед.