Сафорати Амрико дар Тоҷикистон озмуни кушодро барои иштирок дар барномаи стипендияи Ҳуберт Ҳ. Ҳамфри барои солҳои 2024-2025 эълон менамояд. Мӯҳлати охирини супоридани ҳуҷҷатҳо: 31 майи соли 2023.
Барномаи Ҳуберт Ҳ. Ҳамфри барои мутахассисони варзидаи тоҷик дар мансабҳои роҳбарикунанда имконияти таҳсили курсҳои даҳ моҳа, рушд додани маҳорати сарварӣ ва такмили ихтисос дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико фароҳам меорад. Довталабон ба барномаи мазкур дар асоси маҳорати сарварӣ ва шомил будан дар хизматрасонӣ ба ҷомеа дар бахши хусусӣ ё ҷамъятӣ интихоб карда мешаванд.
Бахшҳои соҳавии барнома
Иқтидори инсонӣ ва институтсионалӣ:
- Рушди иқтисодӣ
- Молия ва бонкдорӣ
- Таҳлили сиёсати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ
- Сиёсат ва менеҷменти технологӣ
Ҳуқуқҳо ва озодиҳо:
- Алоқа ва журналистика
- Қонун ва ҳуқуқи инсон
Заминҳои устувор:
- Рушди кишоварзӣ ва деҳот
- Захираҳои табиӣ, сиёсати экологӣ ва тағирёбии иқлим
- Банақшагирии шаҳрӣ ва минтақавӣ
Ҷамоатҳои рушдёбанда:
- Сиёсат ва идоракунии тандурустии ҷамъиятӣ
- Маълумот, табобат ва пешгирии сӯиистифода аз моддаҳо
- Маъмурият, банақшагирӣ ва сиёсат
Талаботҳо барои довталабон:
- Дипломи донишгоҳ
- Хадди ақал 5 соли таҷрибаи корӣ
- Мавҷудияти хусусиятҳои лидерӣ
- Саҳмгузорӣ дар фаъолиятҳои ҷамъиятӣ
- Дониши забони Англисӣ
- Таҷрибаизиндагӣ дар Иёлоти Муттаҳида надошта бошад, ё чунин таҷриба кӯтоҳмуддат бошад.
- ШаҳрвандиТоҷикистон бошанд ва ҳангоми супоридани ҳуҷҷатҳо дар Тоҷикистон зиндагӣ кунанд
Раванди супоридани ҳуҷҷатҳо: Саволномаро метавонед аз ин ҷо дастрас намоед: https://apply.iie.org/huberthhumphrey
Барои дарёфти маълумоти бештар нисбати ин барнома, метавонед ба Бахши робита бо ҷомеаи Сафорати Амрико дар Душанбе тавассути суроғаи электронии FulbrightTajikistan@state.gov муроҷиат намоед.