Барномаи глобалии мубодилаи донишҷўён барои солҳои 2024-2025

Сафорати ИМА дар Тоҷикистон қабули дархостҳоро барои ширкат дар Барномаи глобалии мубодилаи донишҷӯён барои солҳои 2024-2025 эълон мекунад.

Барномаи глобалии мубодилаи донишҷўён (Global UGRAD) аз ҷониби Бюро оиди таҳсилот ва фарҳанги Департаменти Давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сарпарастӣ мешавад. Барномаи мазкур як стипендияи пурра маблағгузоришавандаро барои таҳсил дар давоми як семестр, бе гирифтани унвон, дар яке аз коллеҷҳо ё донишгоҳҳои ИМА пешниҳод мекунад. Иштирокчиёни барнома пешвоёни наврас мебошанд, ки ба ҷомеаҳои худ содиқанд. Дар давоми барнома, иштирокчиёни Global UGRAD кӯшиш мекунанд, ки ҷомеа, фарҳанг ва дониши академии ИМА-ро омӯзанд. Онҳо инчунин дар корҳои ҷамъиятӣ иштирок мекунанд ва малакаҳои касбии худро такмил медиҳанд.

Барои гирифтани маълумот ва дастурҳо барои пешниҳоди дархост, лутфан ба вебсайти зерин муроҷиат кунед:. Global UGRAD website.

Аризаи онлайнро дар сомонаи Global UGRAD дастрас карда метавонед.

Ҳуқуқи иштирок дар барномаи глобалии UGRAD:

  1. Довталабон бояд шаҳрвандони кишваре бошанд, ки аз он ҷо барои иштирок дар барномаи Global UGRAD муроҷиат мекунанд.
  2. Довталабон бояд дар кишваре таҳсил кунанд, ки аз он ҷо барои иштирок дар барномаи Global UGRAD муроҷиат мекунанд.
  3. Стипендия ба он донишҷӯён тақдим мешавад, ки дар ҳоли ҳозир дар бахши рўзонаи муассисаи таҳсилоти олӣ таҳсил менамоянд ва лоақал семестри аввалро анҷом дода бошанд. Пас аз хатми барномаи Global UGRAD, иштирокчиён бояд дар муассисаҳои таҳсилоти кишвари худ ҳадди аққал як семестр ё муодили он таҳсил кунанд.
  4. Довталабон бояд зарфияти роҳбариро тавассути корҳои академӣ, иштироки фаъол дар ҳаёти ҷомеа ва чорабиниҳои беруназдарсӣ нишон диҳанд.
  5. Довталабон бояд малакаи хаттӣ ва гуфтугӯии забони англисиро нишон диҳанд. Имтиҳони TOEFL аз онҳое талаб карда мешавад, ки ҳамчун ғолибон ё номзадҳои алтернативӣ интихоб карда мешаванд.
  6. Афзалият ба онҳое дода мешавад, ки дар ИМА ё берун аз кишвари худ таҷрибаи ками будубош ё тамоман чунин таҷриба надоранд.
  7. Довталабон бояд вазифадор бошанд, ки бевосита ба кишвари худ баъди ба итмом расонидани барнома баргарданд.
  8. Синни довталабон бояд аз 18 боло бошад.

 Дар ҳолатҳои зерин иштирок дар Барномаи глобалии UGRAD иҷозат дода намешавад:

  1. Шаҳрвандони ИМА, сокинони доимии ИМА;
  2. Шахсоне, ки ҳоло берун аз қаламрави кишвари худ таҳсил, зиндагӣ ё кор мекунанд;
  3. Кормандони маҳаллии намояндагиҳои амрикоӣ дар хориҷа, ки барои Департаменти ИМА ва ё Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) кор мекунанд; Кормандони мазкур ҳамчунин дар давоми як сол баъди қатъ гардидани фаъолияти меҳнатиашон дар созмонҳои номбурда ҳақи иштирок дар Барномаи глобалии UGRAD надоранд;
  4. Наздиктарин хешовандони (яъне ҳамсар ва фарзандон) кормандони Департаменти давлатии ИМА ва USAID; аъзоёни оила низ дар давоми як сол пас аз қатъ гардидани фаъолияти меҳнатии он кормандон ҳақи иштирок дар Барномаи глобалии UGRAD надоранд;
  5. Кормандони амалкунандаи созмони «World Learning» ва аъзоёни наздики онҳо.

Мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои довталабон аз Тоҷикистон то санаи 15 декабри соли 2023.

Барои маълумоти бештар, лутфан бо Шӯъбаи равобит бо ҷомеаи Сафорати ИМА дар Тоҷикистон тамос гиред; Тел: 2292322; e-mail: GlobalUgradTajikistan@state.gov