Анҷоми пеш аз мӯҳлати барномаи раводиди муҳоҷиратии 2023

Душанбе, Тоҷикистон, 14-уми сентябри соли 2023 – Департаменти давлатӣ  охирин раводиди  дастрасро дар доираи  Барномаи раводиди муҳоҷиратӣ  (Diversity Visa – 2023) дар соли 2023 содир кард.  Барои ҳар як давраи 12 моҳа, ки аз моҳи октябр  оғоз  меёбад, ба Департаменти давлатӣ  қонунан иҷозат дода шудааст, ки тақрибан 55 000 раводиди  Green Card лоторея пешниҳод кунад.  Баъд аз он, ки дар саросари ҷаҳон  55 000 раводиди Green Card лоторея дода шуд,  барнома барои соли равон на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҳама кишварҳо ба анҷом мерасад.

Барномаи навбатии Diversity Visa дар аввали октябр оғоз мешавад ва мо аз ҳамаи довталабон, ки ҳуқуқи иштирок кардан доранд, даъват менамоем, ки дархостҳои худро пешниҳод намоед.  Онҳое, ки имсол интихоб нашудаанд, ҳақ доранд дубора дар ин барнома иштирок кунанд. Сафорати ИМА дар Душанбе дар бораи оғози  барномаи навбатии Diversity Visa баъдан  маълумоти бештарро  нашр  хоҳад кард.

Сафорати ИМА ҳамаи довталабонеро, ки дархости мулоқоташон рад шуд, огоҳ кардааст. Мо мефаҳмем, ки анҷоми барномаи 2023 метавонад барои довталабоне, ки раводид гирифта натавонистанд, ноумедкунанда бошад.  Мо ҳамчунон омодаем, ки барои сафари мардум аз кишварҳое, ки сатҳи муҳоҷирати онҳо ба Иёлоти Муттаҳида кам аст,  мусоидат кунем. Зеро мо эътироф мекунем, ки  ин мардум  дар  гуногунрангии ҷомеаи мо ва рушди  иқтисоди ИМА саҳми муҳим доранд.