Изҳороти Вазорати Мудофиаи ИМА

Бо фармони Президент, нерӯҳои низомии ИМА барои муҳофизати ҳайати  кормандони ИМА дар хориҷа, Қoсим Сулаймониро, роҳбари Қувваҳои Мусаллаҳи Инқилобии КорпусиҚудс, ки аз ҷониби  ИМА ҳамчун ташкилоти  террористии хориҷӣ муайян шудааст, ба қатл расонданд.

Генерал Сулаймонӣ ба таври фаъолона нақшаҳои ҳамла ба дипломатҳо ва хидматчиёни амрикоӣ дар Ироқ ва тамоми кишвар таҳия мекард.Генерал Сулаймонӣ ва қувваҳои Корпуси-Қудс ӯҳдадори захмӣ шудан ва ҳалокати   ҳазорон нафарони амрикоӣ ва аъзоёни хадамоти эътилофӣ мебошанд.Вай дар тӯли чанд моҳи охир ҳамлаҳо ба пойгоҳҳои эътилоф дар Ироқро роҳбарӣ кардааст, аз ҷумла ҳамлаи 27 декабр, ки ба марг ва маҷрӯҳ гаштани кормандони амрикоӣ ва ироқӣ анҷом ёфт.Генерал Сулаймонӣ ҳамлаҳоро ба сафорати ИМА дар Бағдод, ки ҳафтаи равон рух додааст, тасдиқ кард.

Ин зарба барои боздорӣ кардани нақшаҳои ҳамлаи Эрон дар оянда нигаронида шуда буд. Иёлоти Муттаҳида минбаъд низ тамоми чораҳои заруриро, барои муҳофизати шаҳрвандон ва манфиатҳои худ дар тамоми ҷаҳон хоҳад дид.